18 Ноябр 2026,
чоршанбе, 21:10, Душанбе
18.11.2026 17:37

Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст

Бонки ҷаҳонӣ дар изҳороти нави худ ҳушдор дод, бо вуҷуди пешбинии рушди иқтисодии Афғонистон дар соли 2026, коҳиши даромади аҳолӣ, афзоши нахи маводи ғизоӣ ва камбуди об вазъияти зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр мешавад, ки иқтисоди Афғонистон дар соли ҷорӣ 3 фоиз рушд мекунад, вале афзоши шумораи аҳолӣ ва маҳдуд будани имкониятҳои корӣ имкон намедиҳад, ки ин рушд ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.

Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ шумори аҳолии Афғонистон дар соли 2026 тақрибан 6, 6 фоиз зиёд мешавад. Зиёдшавии аҳолӣ даромади миёнаи ҳар сокини ин кишварро 3, 3 фоиз коҳиш медиҳад. Ин соли сеюм аст, ки чунин раванд ба мушоҳида мерасад.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид мешавад, ки рушди асосии иқтисоди ин кишвар ба соҳаи кишоварзӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, кам будани ҷойҳои корӣ ва заиф шудани қобилияти харидории аҳолӣ фишор ба оилаҳоро бештар намудааст.

Тибқи арзёбии гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи сентябри соли 2026 шумораи рӯзҳои кории коргарони муздноки рӯзмарра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз кам шудааст. Ҳамзамон музди якҳафтаинаи онҳо имкони хариди орди гандумро 27 фоиз камтар кардааст.

Вазъияти таъмини ғизо низ дар ин кишвар нигаронкунанда боқӣ мемонад. Бар асоси иттилои Бонки ҷаҳонӣ дар моҳҳои сентябр ва октябри соли 2026 тақрибан 15,9 миллион нафар дар Афғонистон бо мушкилоти шадиди таъмини ғизо рӯ ба рӯ шудаанд. Афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ вазъи хонаводаҳои камдаромадро боз ҳам мушкилтар кардааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки дар баробари мушкилоти иқтисодӣ камбуди захираҳои об низ ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ барои зиндагии мардум табдил ёфтааст. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, Афғонистон аз соли 2003 ба ин ҷониб ҳар сол ба ҳисоби миёна 4, 9 миллиард метри мукааб оби ширинро аз даст медиҳад. Дар шаҳри Кобул ҳаҷми истифодаи обҳои зеризаминӣ тақрибан 4 баробар бештар аз суръати барқароршавии табиии ин захираҳо мебошад.

Ин мушкилот бахусус ба соҳаи кишоварзӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Тақрибан 46 дарсади қувваи кории Афғонистон дар ин соҳа фаъолият мекунад ва кишоварзӣ наздики 95 дарсади оби истифодашавандаи кишварро истифода мебарад. Аз ин рӯ, идомаи коҳиши захираҳои об метавонад даромади миллионҳо сокини деҳотро зери хатар гузорад.

Мушкили дигар маҳдуд шудани роҳҳои тиҷоратӣ мебошад. Бино ба гузориш, дар пайи баста мондани марзи Покистон 97 дарсади воридоти Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон анҷом дода мешавад. Ҳамзамон, содироти ин кишвар дар давраи апрел то сентябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,1 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки суръати рушди иқтисоди Афғонистон дар солҳои 2027 ва 2028 мутаносибан ба 3,3 ва 3,5 дарсад мерасад. Бо вуҷуди ин, даромади миёнаи ҳар сокин дар соли 2028 ҳанӯз тақрибан 7 дарсад камтар аз нишондиҳандаи соли 2024 хоҳад буд.

Дар хулосаи гузориш аз қатъ шудани роҳҳои тиҷоратӣ, кам шудани кумакҳои байналмилалӣ, бозгашти шумораи зиёди муҳоҷирон ва эҳтимоли паст шудани ҳосили кишоварзӣ ҳамчун омилҳои асосии хатар барои иқтисоди Афғонистон ном бурда шудааст.

Бонки ҷаҳонӣ барои коҳиш додани ин мушкилот таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани имкони дастрасии занону духтарон ба таҳсил ва шуғл, инчунин, сармоягузорӣ ба инфрасохтори обрасонӣ ва низомҳои обёриро зарур донистааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.11.2026 17:37

Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст

Бонки ҷаҳонӣ дар изҳороти нави худ ҳушдор дод, бо вуҷуди пешбинии рушди иқтисодии Афғонистон дар соли 2026, коҳиши даромади аҳолӣ, афзоши нахи маводи ғизоӣ ва камбуди об вазъияти зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст.
18.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул дар мулоқот бо раиси Палатаи тиҷорат ва сармоягузории ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон Сайид Карим Ҳошимӣ масъалаи таъсиси бозори муштрак дар минтақаи марзии ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд.
18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.