Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд
Корти сурх сабаб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Тайланд шикаст хӯрд
Се рӯз дар Душанбе истифодаи дрон манъ шуд
Дар Тоҷикистон партови гази карбон 14,2 фоиз афзоиш ёфтааст
Корти сурх сабаб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Тайланд шикаст хӯрд
Шоми гузашта мунтахабҳои Тоҷикистон ва Тайланд дар доираи даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» дар Тайланд рақобат карданд.
Бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи тими миллии Тайланд ба анҷом расид.
Аз дақиқаҳои аввал соҳибони майдон бартарӣ доштанд ва илова бар ин, пас аз корти сурх гирифтани футболбози тоҷик Нозим Бобоҷонов бозӣ тамоман ранги дигар гирифт.
Пас аз чанд дақиқаи аз майдон берун шудани Нозим Бобоҷонов, футболбозони Тайланд голи якумро ба дарвозаи тими миллии Тоҷикистон ворид карданд. Ҳамин тавр, дар қисми дуюми бозӣ ду голи дигар ба самар расонданд.
Дар мавриди бозӣ сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский чунин гуфт: “Вохӯрии финалӣ бо бартарии мунтахаби Тайланд оғоз шуд ва дар даҳ дақиқаи аввал онҳо ташаббусро дар даст доштанд. Сипас мо тавонистем назорати бозиро ба даст гирем ва чандин лаҳзаи хатарнок эҷод кунем. Парвиз Умарбоев ва Шериддин Бобоев имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, аммо дарвозабони рақиб зарбаҳои онҳоро баргардонд. Лаҳзаи калидии бозӣ корти сурхе буд, ки Нозим Бобоҷонов гирифт. Намехоҳам ба кори доварон баҳо диҳам, аммо ба назари ман, баъзе қарорҳои довар боиси зиёд шудани асабонияти бозигарон шуданд. Ду голи аввалро мо дар натиҷаи хатоҳои инфиродии худ сар додем, ки мутаассифона, қисми ҷудонашавандаи футбол мебошанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”
Трамп ба Эрон ҳушдор дод: “Ҳамла ба Вашингтон бо паёмадҳои бесобиқа рӯбарӯ хоҳад шуд”
Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд
Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард