Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад
Тоҷикистон то соли 2035 истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаро ду баробар афзоиш медиҳад
Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаи сайёҳӣ
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад
АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
Ба навиштаи манбаъ, парвозҳо тавассути ҳавопаймои L410 NG, ки 19 ҷойи мусофирнишин дорад, ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо дар ҳолати мусоид будани вазъи ҳаво амалӣ мегарданд.
Манбаъ аз қавли директори генералии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода навиштааст, ки барои Shohin Airlines рушди интиқолоти ҳавоии дохилӣ танҳо иҷрои парвозҳо нест, балки саҳмгузорӣ дар таҳкими робитаҳо байни минтақаҳо, фароҳам овардани имконияти нав барои аҳолӣ ва пешравии минбаъдаи кишвар аст.
Гуфта мешавад, ки Shohin Airlines ҳавопаймои нави L410 NG-ро, ки «Badakhshon» номгузорӣ шудааст, 2-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе муаррифӣ карда буд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад