4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:14, Душанбе
29.11.2023 16:22

ТАЛКО бо ширкати русии Уралмаш созишномаи 3 миллиард рублро имзо мекунад

ТАЛКО ва "Уралмаш" ният доранд, ки созишномаи 3 миллиард рублро имзо кунанд. Дар ин бора вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар мулоқот бо ҳайати вилояти Свердловски Русия хабар дод.

Қайд карда мешавад, ки корхонаи асосии металлургии ҷумҳурӣ нақша дорад, ки таҷҳизоти русиро аз "Уралмаш" харидорӣ намояд.

"Имрӯз мо шоҳиди музокироти хеле хуб будем ва бовар дорем, ки дар ояндаи наздик созишномаи дахлдор ба маблағи тақрибан 3 миллиард рубл ба имзо мерасад", — шарҳ дод вазири тоҷик.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамин мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки таҳримҳои ғарбӣ танҳо Тоҷикистону Русияро ба ҳамкории зичтар водор месозанд.

Пеш аз ин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот карда буд. Ҷонибҳо аз ҷумла имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду минтақаро баррасӣ карданд.

Хатти хабарҳо