Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Тоҷикистон ва Узбекистон истеҳсоли якҷояи мошинҳоро баррасӣ карданд
Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқи Завқизода бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Лазиз Кудратов 10 март дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора маркази матбуотии вазорат хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро, ки таҳти раёсати сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон табодули афкор оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла истеҳсоли якҷояи автомобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани истеҳсоли чархҳо дар заминаи ҶСК "ТАЛКО" барои эҳтиёҷоти саноати автомобилсозии Узбекистон, инчунин сохтмони якҷояи ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвари ҳамсоя ва дӯст имрӯз Тоҷикистону Узбекистон яке аз шарикони боэътимод ва стратегӣ ба шумор мераванд.
Қайд гардид, ки соли 2023 ҳаҷми тиҷорати мутақобилаи хориҷӣ байни кишварҳо 504,4 миллион долларро ташкил дода, Узбекистон бо вазни хоси 6,1% дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои 5-ум қарор дошт. Дар баробари ин, ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ин нишондиҳанда имкониятҳои мавҷудаи байни кишварҳоро инъикос намекунад, барои истифодаи пурраи ин иқтидор ҳанӯз ҳам имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳор намуданд.
Манбаъ: НИАТ Ховар
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид