21 Октябр 2026,
чоршанбе, 20:11, Душанбе
21.10.2026 17:36

26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат

Профессор, устоди журналистони тоҷик, донишманди варзида ва ходими сиёсӣ Иброҳим Усмонов яке аз чеҳраҳои ҳамеша дастрас, фаъол ва мусоҳибадиҳанда барои расонаҳои кишвар ҳастанд. Дар тӯли ду даҳсола дар расонаҳо аз Иброҳим Усмонов мусоҳиба ва суҳбатҳое нашр шудаанд, ки бозгӯкунандаи вазъияти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон мебошанд. Дар бархе аз ин мусоҳибаҳо устод Иброҳим Усмонов суханҳои афкорсоз гуфтаанд. Бо истифода аз мусоҳибаҳои дар солҳои мухталиф анҷомдодаи Иброҳим Усмонов 26 сухани афкорсозро дар ин ҷо гулчин кардаем, ки метавонед мутолиа кунед:

  1. Мо тоҷикӣ гуфта, ҳамон забонеро дар назар дорем, ки дар Осиёи Миёна таваллуд шуда, камол ёфтааст. Соли 1990 маҳз кӯшиши такрори ин иштибоҳ сурат гирифт ва хостанд, ки истилоҳоти форсии Эронро ба мо кӯчонанд. Аммо мо ба ин роҳ надодем ва онро ислоҳ намудем.
  2. Дар ҷанги дохилии тоҷикон пирӯзу мағлуб нест ва ду ҷониб дар ниҳоят ба ҳам омаданд. Сулҳ низ дар пайи ҳамкории ҷониби ҳукумат ва мухолифин ба даст омадааст. Аммо бояд зикр кунам, ки нақшаи сулҳи тоҷикон ба Эмомалӣ Раҳмон марбут аст ва иҷрои он дар пайи талошу пуштибонии мухолифон имконпазир шудааст.
  3. Агар мо мехоҳем, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои кишварҳои дигари ҷангзада мисол оварда шавад, набояд ҳамаи сулҳофаронро фаромӯш кунем.
  4. Суол мешавад: чӣ фарқ аст миёни пантуркисте, ки мегуфт, тоҷик дар Осиёи Миёна нест ва онҳое, ки мегӯянд, “мо форсем, на тоҷик”? Ҳарду ҳам будани тоҷикро дар хонаи азалии худаш инкор мекунанд.
  5. Моро дар сад соли дигар касе дар ҷаҳон форс намегӯяд. Ҳама моро тоҷик мешиносанд ва қабул кардаанд. Дар сад соли дигар ҳам тоҷикони Афғонистонро ҳам “форс” нахоҳанд гуфт.
  6. Баъзеҳо кӯшиш доранд, ки дину мазҳабро ба воситаи арзишҳои миллӣ боло баранд, ки он албатта нодурст аст. Дар дунё мамлакатҳое ҳастанд, ки барои онҳо дин арзиши миллӣ дорад. Масалан, яҳудиҳо. Зеро онҳо бо ҳамин як дин ба дунё омада ва бо ҳамин як дин зиндагӣ доранд. Аммо мо то Ислом дини дигар доштем. Бинобар ин, арзиши динӣ барои мо муқаддас аст, вале нишондиҳандаи рӯҳияи миллӣ шуда наметавонад.
  7. Ман ҳеч вақт ақидаамро дигар накардаам. Ман дар аввал ҳам ақидаи марксистӣ доштам ва ҳоло ҳам ақидаам марксистӣ аст. Қаблан ҳам ақидаи тоҷикона доштам, ҳоло ҳам ба ақидаи тоҷикона зиндагӣ дорам ва итминони комил дорам, ки ҳамин тавр, то охирин нафас мезиям.
  8. Ман тоҷикам ва аз ин ифтихори беандоза дорам. Ман тоҷикам ва гузаштаву ояндаамро танҳо ба калимаи тоҷик муаррифӣ мекунам. Бобову бобокалон ва набераҳову абераҳои маро ҳам танҳо бо калимаи тоҷик муаррифӣ бояд кард. Бароям пеш ва болотар аз ҳама тоҷик будан аст. Ҳатто пеш аз эътиқоди динию сиёсиям ҳам.
  9. Он шабу рӯз ман аз Нурулло Ҳувайдуллоев пурсидам, ки оё мо метавонем дар заминаи тағйироти Конститутсияи СССР пешниҳод кунем, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирад? Он кас посухи мусбат доданд. Ман як мақола навиштам, ки он таҳти унвони “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” ва моҳи ноябри соли 1988 дар “Газетаи муаллимон” ба нашр расид. Дар ин мақола пешниҳод кардам, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад.
  10. Интеллигенсияи филологиву таърихшиносии тоҷик шояд дар ҷаҳон ягона бошанд, ки андеша доранд, журналистика нахонда, журналист шудан мумкин аст. Ва танҳо дар Тоҷикистон намехоҳанд, ки илми журналистика аз филология ҷудо шаваду ба роҳи худаш равад. Филология – ин эстетика аст, журналистика – ин сиёсат аст.
  11. Фаромӯш накунем, ки журналистика бо сиёсат ҳамеша тавъам аст ва дар якҷоягӣ ҳукуматро бунёд месозанд. Агар журналистика аз сиёсати ҳукумат нагӯяд, миллат пеш рафта наметавонад ва ин боз оммаи мардумро ба калавишҳои дигар мувоҷеҳ месозад.
  12. Боз ҳам мегӯям, ки журналистика ин фаъолияти сиёсӣ аст ва ҳамеша ба воқеият (ҳақиқат) такя мекунад, адабиёт бошад, эҷоди тахайюл, тасвир ва хушнависӣ аст. Ҳоло “ин навъи нави публитсистика”-ро ба сари донишҷӯёни факултаи журналистика бор мекунанд, ки дар натиҷа боз филология буданаш собит мешавад.
  13. Гарчи пешравони нерӯҳои зиддиҳукуматии майдонсоз дар донишгоҳи мо зиёд буданд, баъзе навмуаллимони мо байрақбардорони ақидаи “Шаҳидон” шуда, муаллимон ва шогирдонро аз зӯроварии онҳо метарсонданд. Иддае аз донишҷӯёни мо ҳам дар майдони “Озодӣ” “ба ҷонибдории озодӣ ва демократия” худро занҷирбанд карда буданд. Муаллиму донишҷӯёне, ки барояшон оши худоии майдони “Шаҳидон” аз дарс аввалтар буд, низ кам набуданд. Ҳар навъ иҳонате, ки аз дасташон меомад, раво медиданд. Дар ҳамин ҳол, ҳатто ба тани нимпайкараҳои бузургони адабиёти навини тоҷик – устодон Айнӣ, Лоҳутӣ ва Турсунзода, ки дар долони ошёнаи панҷуми факултети филология меистод, хат кашиданд.
  14. Мушкилоти иқтисодии кишварро зиёиёни мо мувофиқи имконоти доштаашон, вале дар шакли хеле маҳдуд баррасӣ мекунанд, зеро барои баррасии бештар фарогир аз таҷрибаву дониши ғанӣ бархӯрдор нестанд.
  15. Касе ки гумон дорад ҳама чиз ҳаллу фасл шудаасту дигар зарурияти музокира кардан нест, зарурияти фикри дигарҳоро шунидан нест, ҳадди ақал саҳв мекунад. Зеро бо таъсири муҳити иттилоотии имрӯза, ки он ҷаҳонро идора мекунад, ҳамеша афкори мардум дар ҳоли тағйирёбист.
  16. Аз ин рӯ, андеша кардан, ки зарурияти муколама кардан дар ҷомеаи мо боқӣ намондааст, чи хеле гуфтам, саҳв аст. Зеро эҳтиёҷ ба муҳокима ҳамеша буд ва ҳаст ва гуфтаи Саъдӣ, ки “Илм бе баҳс пойдор намонад”, аслан маънои муколамаро дорад”.
  17. Агар худи тоҷикҳо ба сулҳ розӣ намешуданд, омили хориҷӣ бо ҳама қуввату иқтидоре, ки дорад, наметавонист, тарафҳои тоҷикро маҷбур ба сулҳ кунад.
  18. Қувваи бегона ҳалкунандаи масъалаи дохилӣ шуда наметавонад, то замоне, ки худи дохил ин чизро нахоҳад, то худи дохил ба ин чиз омода набошад.
  19.  Таъмини озодии зиндагии инсон замоне мешавад, ки ҳукумат имконият пайдо кунад, маоши хубу пурра диҳад, ба пиронсолон нафақаи хуб диҳад, аммо мо то ҳол ба ин нишондод нарасидаем. Дар ҳамин роҳ ҳастем, вале ба мақсад нарасидаем.
  20. Ҳеч яке аз ақидаҳои сиёсии худро тағйир надодам. Дар назари онҳое, ки дар замони “торикӣ” таҳсил мекарданд, ман демократ менамудам, зеро дар дарс ҳарфҳоеро мегуфтам, ки онҳо шунидан мехостанд. Ҳарчанд ин ҳарфҳо зидди коммунистӣ ҳам набуданд.
  21. Дар зиндагии шахсиам, хушбахтона, инсонҳои бадро кам вохӯрдаам. Дар Тоҷикистону Маскав таҳсил кардам. Дар Тоҷикистону Афғонистон ба унвони муаллим кор кардам. Дар журналистика низ ҳарфҳое, ки мехостам бинависам, тавонистам иншо кунам. Аз аввалин шахсоне будам, ки ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатиро талаб кардам. Аз эҷодкорони бузурге ба мисли Отахон Латифӣ пуштибонӣ дидам.
  22.  Зиндагӣ ҳам пастӣ дорад ва ҳам баландӣ ва маънии ҳаёти инсон низ дар ҳамин аст. Ҳеч касе аз инҳо канор буда наметавонад. Аз яке нолидану аз дигарӣ ифтихор кардан боис ба шаъни инсон буда наметавонад.
  23. Мо ҳатто як рӯзномае надорем, ки таърихи пайдошавӣ ва рушди онро таҳқиқ карда бошем. Феълан мо ҳатто публитсисте ба мисли Саидризо Ализода, Отахон Латифӣ ва Нур Табаровро надорем. Бештаре аз устодони факултаи журналистикаро ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки ба ҷавонон чӣ чизе таълим дода метавонанд.
  24. Пропаганда чизест, ки соҳиби расона ба паҳн кардани он иҷоза медиҳад. Соҳибони “Ҷумҳурият” на ҳама чизро иҷоза медиҳанд, ки нашр шавад, соҳибони “Озодӣ” низ ҳамин тавр. Сайёфи Мизроб низ на ҳама маводро тавассути “СССР”-аш ё Хуршеди Атовулло тавассути “Фараж” нашр мекунанд. Истифодаи мавод ё фикр аз ҷониби муҳаррир ҳамон пропаганда мебошад.
  25. Дар бораи озодии комили сухан он замоне метавон ҳарф зад, ки давлат тавонад худкифо бошаду ҳама ниёзҳои сохторҳои зертобеи худро таъмин карда тавонад. Тоҷикистон дар ҳамин самт қарор дорад, вале ба он ҳадаф ҳанӯз нарасидааст.
  26. Ҳеч кас аз муҳити худ озод буда наметавонад. Ҳатто бигирем, ҷоизадорони Нобелро. Ҳеч кадоме аз онҳо барои бадеияти асари худ сазовори ин ҷоиза нашудаанд, ҳама барои ақида. Пас, кӣ озод аст?

Хатти хабарҳо

21.10.2026 17:36

26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат

Профессор, устоди журналистони тоҷик, донишманди варзида ва ходими сиёсӣ Иброҳим Усмонов яке аз чеҳраҳои ҳамеша дастрас, фаъол ва мусоҳибадиҳанда барои расонаҳои кишвар ҳастанд. Дар тӯли ду даҳсола дар расонаҳо аз Иброҳим Усмонов мусоҳиба ва суҳбатҳое нашр шудаанд, ки бозгӯкунандаи вазъияти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон мебошанд. Дар бархе аз ин мусоҳибаҳо устод Иброҳим Усмонов суханҳои афкорсоз гуфтаанд. Бо истифода аз мусоҳибаҳои дар солҳои мухталиф анҷомдодаи Иброҳим Усмонов 26 сухани афкорсозро дар ин ҷо гулчин кардаем, ки метавонед мутолиа кунед:
21.10.2026 17:29

Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад

Президенти Федератсияи Русия имрӯз бо Стив Уиткофф, намояндаи хоси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Ховари Миёна дар шаҳри Маскав мулоқот намуда, масъалаи ҳаллу фасли буҳрони Эрон ва ҷанги Украинаро мавриди баррасӣ қарор додааст.
21.10.2026 17:11

Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем

Ҷабҳаи озодии Афғонистон хабар дод, ки шоми сешанбе ба як посгоҳи Толибон дар вилояти Парвони Афғонистон ҳамла кардаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла се узви гурӯҳи террористии Толибон кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
21.10.2026 17:05

Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22–юм то 24-уми октябр дар Осорхонаи миллӣ XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
21.10.2026 15:01

Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард

Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр ва Муҳаммад Баҳр ал-Улум, муовини Вазири корҳои хориҷии Ироқ, дар шаҳри Бағдод мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
21.10.2026 10:46

Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони ҳайтаҳои узви кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай даъват намуданд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, амният ва технологияҳои навро густариш диҳанд. Дар мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узв дар шаҳри Душанбе ҳамчунин, масъалаҳои ҳалли осоиштаи низоъ, ҳифзи пиряхҳо, дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
21.10.2026 10:28

Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш

Тоҷикистон дар қатори Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҷумлаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз қаламрави он, бештари сайёҳон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.
21.10.2026 10:20

Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд

Ӯзбекистон мехоҳад раванди ҷорӣ кардани убури марз бо Тоҷикистон ба воситаи кортҳои ID-ро осонтар намуда, талош кунад, ки ин раванд ҳар чӣ зудтар анҷом дода шавад.
21.10.2026 10:14

Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст

Аббос Ирқочӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ки музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба воситаи миёнравҳо, аз ҷумла Покистон ва Қатар идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, Эрон барои ҳалли дипломатии ихтилофҳо омода аст, вале то замони иҷрои уҳдадориҳои қаблӣ аз сӯйи ИМА, боз шудани комили тангаи Ҳурмуз имконпазир нахоҳад буд. Ӯ гуфтааст, ки Эрон ҳеч вақт таслим намешавад.