Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд
Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 эстакада ва як пул санги асос гузошт
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
21-уми октябр Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти зане хабар дод, ки ба рабудани навзоде аз таваллудхона гумонбар аст.
Манбаъ навиштааст, ки Зарина Саймуддиноваи 26-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони дуздидани навзоде, ки 11-уми октябр аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон гум шуда буд, дастгир шуд.
Тавре ки худи гумонбар дар гузориши Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, аз соли 2020 инҷониб оиладор аст ва то ҳол соҳиби фарзанд нашудааст. Аз ин сабаб, либоси тамизкории хушдоманашро, ки дар таваллудхонаи мазкур фаъолият мекардааст, ба бар карда, вориди таваллудхона шуда, навзодеро рабудааст.
Гуфта мешавад, ки пас аз чор рӯзи ҳодиса навзод аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пайдо шудаву ба дасти волидонаш супурда шуда буд.
Мақомот навиштааст, нисбат ба Зарина Саймуддинова аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи талаботи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард
Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд