20 Октябр 2026,
сешанбе, 23:16, Душанбе
20.10.2026 12:06

Расонаҳои ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд: Эрон 135 бор ба инфрасохтори низомии Амрико ҳамла кардааст

Расонаҳои байналмилалӣ дар гузоришҳои худ дар хусуси ҷанг бо Эрон ва хисороти инфрасохтори энергетикӣ дар кишварҳои Халиҷи Форс, болоравии нархи нафт ва эҳтимоли идомаи ҷанг таваҷҷуҳ кардаанд. Ҳамзамон, гузоришҳо дар хусуси баррасии ҳамлаи эҳтимолии Амрико нашр шудааст.

Хабаргузории эронии “Меҳр” навишт, ки ҷанг бо Эрон на фақат ба амнияти минтақа, балки ба бозорҳои ҷаҳонии энергия, тиҷорати байналмилалӣ ва муносибатҳои миёни қудратҳои бузург низ таъсир гузошт.

Хабаргузории “Ройтерз” дар як гузориши тасвирӣ зикр кард, ки аз оғози ҷанг дар моҳи феврал Эрон ва ҳампаймононаш 135 ҳамлаи мушакӣ ва бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба 84 инфрасохтори низомӣ дар кишварҳои Халиҷи Форс анҷом додаанд.

Дар миёни ҳадафҳои гузоришшуда бандари Фуҷайра дар Аморати Муттаҳидаи Араб муассисаҳои гази моеъ дар Рас Лаффони Қатар, фурудгоҳҳои чаҳор кишвар ва баъзе иншооти обу барқ омадааст.

Тибқи ин иттилои хабаргузорӣ баъзе хисоратҳо метавонанд ба таъминоти энергетикӣ ва фаъолияти иқтисодии минтақа таъсири дарозмуддат расонанд. Тибқи таъкиди коршиносон барқарор намудани баъзе таҷҳизоти осебдида метавонад моҳҳо ё ҳатто солҳо тӯл кашад.

Хабаргузории “Ройтерз” ҳамчунин, ба он ишора намудааст, ки ҳукумати кишварҳои Халиҷи Форс дар баъзе мавридҳо хисоротро аз афтодани пораҳои мушакҳои раҳгир гуфтаанд. Вале арзёбии мустақили ҳамаи ин хисорот дар матни мавриди баррасӣ пешниҳод нашудааст.

Нашрияи “Modern Diplomacy” менависад, ки бозорҳои нафт эҳтимоли идомаи паёмадҳои иқтисодии ҷангро то соли 2028 ба назар мегиранд.

Бар асоси ин гузориш, нархи қарордодҳои фючерсии нафти “Brent” барои таҳвил дар моҳи декабри соли 2027 дар оғози моҳи сентябр беш аз 13 дарсад боло рафта, ба ҳудуди 86 доллар барои ҳар бушка расидааст. Қарордодҳои марбут ба моҳи декабри соли 2026 низ тақрибан 12 дарсад афзоиш ёфтаанд.

Гузориш афзоиши хароҷоти интиқоли нафт, болоравии нархи сӯзишворӣ ва нигаронӣ аз таъминоти устувори бозорро аз омилҳои асосии ин тағйирот медонад.

Ба навиштаи нашрия, таъсири ҷанг метавонад аз давраи худи даргириҳо бештар идома кунад ва ба таваррум, арзиши нақлиёт ва тиҷорати байналмилалӣ фишор оварад.

Расонаҳои арабӣ аз эҳтимоли ҳамлаи нави ИМА ва Исроил менависанд

Нашрияи “Al-Araby Al-Jadeed” гузориш додааст, ки Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу эҳтимоли анҷоми ҳамлаи нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи парлумонии Исроил ва интихоботи миёндавраии Конгресси Амрико баррасӣ кардаанд.

Ба навиштаи ин расона, ду раҳбар дар тамоси телефонӣ масъалаи эҳтимоли амалиёти навро баррасӣ кардаанд. Аммо дар гузориш ҳамчунин, ба изҳороти Трамп ишора шудааст, ки гуфта буд, пеш аз интихоботи миёндавраӣ Амрико алайҳи Эрон ҳамла анҷом нахоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” аз идомаи танишҳо дар чанд самти минтақа хабар додааст. Бар асоси гузориши ин шабака, Трамп дар изҳороти худ Эронро кишвари шикастхӯрда номида, дар бораи вазъи иқтисодии он интиқод кардааст.

Дар муқобил, Вазорати корҳои хориҷии Эрон аз тавофуқ бо Уммон дар бораи муайян кардани масири муваққатии ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз хабар додааст.

“Ал-Ҷазира” ҳамчунин, аз тамоси телефонии Ҳокан Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия, бо Аббос Ироқчӣ, ҳамтои эронии ӯ, дар бораи талошҳои дипломатӣ барои ҳалли танишҳои минтақавӣ навиштааст.

Бо вуҷуди ин, дар маводи баррасишуда дар бораи натиҷаи ниҳоии ин талошҳо маълумоти тасдиқшуда пешниҳод нашудааст.

Тангаи Ҳурмуз ба маркази рақобати низомӣ ва иқтисодӣ табдил ёфтааст

Сомонаи хабарии “Al-Ain” менависад, ки танишҳо дар тангаи Ҳурмуз ба яке аз омилҳои муҳимми номуайянӣ дар бозори ҷаҳонии нафт табдил ёфтаанд.

Ба гуфтаи манобеи иқтибосшуда дар гузориш, Эрон усулҳои амалиёти худро тағйир дода, фишор ба киштиҳои убуркунанда аз ин тангаро афзоиш додааст. Ин вазъ метавонад хароҷоти интиқол ва суғуртаи борҳоро боло бурда, нигарониҳо дар бораи амнияти таъминоти ҷаҳонии энергияро бештар кунад.

Ҳамзамон, ИМА бо истифода аз маҳдудиятҳои баҳрӣ ва таҳримҳо талош дорад фишори иқтисодӣ ба Теҳронро афзоиш диҳад.

Тангаи Ҳурмуз яке аз роҳҳои муҳимми интиқоли нафт ва газ дар ҷаҳон аст. Аз ин рӯ, ҳар гуна халал дар ҳаракати киштиҳо тавассути он метавонад ба бозорҳои байналмилалии энергия таъсир расонад.

Дар расонаҳои Русия ва Чин низ паёмадҳои ҷанг ва таъсири он ба сиёсати байналмилалӣ баррасӣ шудаанд.

Шабакаи “RT”-и Русия  дар мусоҳиба бо Козим Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия, мавқеи Теҳронро дар бораи ҳузури низомии ИМА дар минтақа инъикос кардааст. Ҷалолӣ ҳузури низомии Амрикоро омили афзоиши ноустуворӣ хонда, гуфтааст, ки Эрон нияти ҳамла ба кишварҳои ҳамсояро надорад, ба шарте ки қаламрави онҳо барои ҳамла ба Эрон истифода нашавад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи чинии “Global Times” эҳтимоли коҳиш ёфтани баъзе маҳдудиятҳо ба содироти сӯзишвории Русияро дар заминаи фишорҳои иқтисодӣ ва афзоиши нархи энергия баррасӣ кардааст.

Ба навиштаи ин нашрия, болоравии нархи сӯзишворӣ метавонад барои маъмурияти Трамп, бахусус дар остонаи интихоботи миёндавраии Конгресси Амрико, мушкилоти сиёсӣ эҷод кунад.

Нашрия ҳамчунин, менависад, ки эҳтимоли ҳамкории энергетикии Вашингтон ва Маскав метавонад ихтилофоти ИМА ва кишварҳои аврупоиро дар мавриди муносибат бо Русия бештар кунад.

Баррасии гузоришҳои расонаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷанг бо Эрон ҳамзамон чанд самти муҳимро фаро гирифтааст: амнияти зерсохторҳои энергетикӣ, ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз, нархи нафт ва газ, талошҳои дипломатӣ ва рақобати сиёсӣ миёни қудратҳои бузург.

Бо вуҷуди иддаоҳои мухталифи ҷонибҳои даргир дар бораи дастовардҳои низомӣ, арзёбии мустақили вазъи ҳамаи майдонҳои ҷанг ва хисороти воқеӣ маҳдуд боқӣ мемонад.

Дар чунин шароит, идомаи танишҳо метавонад на танҳо ба кишварҳои минтақа, балки ба иқтисоди ҷаҳонӣ низ таъсир расонад. Аммо миқёс ва давомнокии ин паёмадҳо ба вазъи амниятӣ, раванди музокирот ва имкони расидан ба созишҳои сиёсӣ вобаста хоҳад буд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

20.10.2026 17:36

Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст

Рӯзномаи “Ню-Йорк пост” менависад, ки дар таҳқиқоти нав мақомоти федералии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иттиҳоми издивоҷи сенатори Конгресси Амрико Илҳон Умар бо бародараш, аз ҷумла ба далелҳои эҳтимолии генетикӣ даст ёфтаанд. Ин рӯзнома навишт, ҳоло “натиҷаҳои ташхиси ДНК ё санадҳои судие, ки ин иддаоро тасдиқ кунад”, ба шакли оммавӣ нашр нашудаанд.
20.10.2026 16:09

Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт

Бар асоси иттилои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон ду нафткаш дар гузаргоҳи Ҳурмуз бар асари таркиши минаҳои дарёӣ оташ гирифта ва ҳаракати онҳо аз ҷониби неруҳои Сипоҳи посдорон боздошта шуд.
20.10.2026 14:54

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон: Толибон дар Панҷшер тақрибан 30 ҳазор неру ҷойгир кардаанд

Абдуллоҳ Ханҷонӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як изҳорот мегӯяд, гурӯҳи террористии Толибон дар Панҷшер тақрибан 30 ҳазор неруи ҷангӣ ҷойгир кардаанд. Ҳамчунин, ин гурӯҳ дар Панҷшер 700 посгоҳи амниятӣ таъсис додааст.
20.10.2026 14:48

Ройтерз: Чин аз Тоҷикистон даъват кард мубориза бо ифротгароиро пурзӯр ва барои ҳифзи ҷони чиниҳо чораҳои қатъӣ андешад

Хабаргузории “Ройтерз” навишт, Ли Сян, сарвазири Ҷумҳурии халқии Чин аз Тоҷикистон даъват намудааст, ки ҳамкориҳои амниятӣ, табодули иттилооти иктишофӣ барои мубориза бо ифротгароӣ ва ҷудоихоҳиро густариш диҳад. Ӯ, ҳамчунин, аз Тоҷикистон хостааст, барои ҳифзи ҷони шаҳрвандони Чин чораҳои қатъӣ андешад.
20.10.2026 12:06

Расонаҳои ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд: Эрон 135 бор ба инфрасохтори низомии Амрико ҳамла кардааст

Расонаҳои байналмилалӣ дар гузоришҳои худ дар хусуси ҷанг бо Эрон ва хисороти инфрасохтори энергетикӣ дар кишварҳои Халиҷи Форс, болоравии нархи нафт ва эҳтимоли идомаи ҷанг таваҷҷуҳ кардаанд. Ҳамзамон, гузоришҳо дар хусуси баррасии ҳамлаи эҳтимолии Амрико нашр шудааст.
20.10.2026 10:21

Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд

Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи "Хуҷанд" бо роҳбарии мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович дар бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
20.10.2026 10:19

Дипломати тоҷик: Тоҷикистон аз субот ва бозсозии Афғонистон ҳимоят мекунад

Як масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки Душанбе ба ҳимояти суботу бозсозии иқтисодии Афғонистон идома хоҳад дод. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, амнияти Афғонистон ба суботи Осиёи Марказӣ робитаи мустақим дорад ва аз ин рӯ, барои аз байн бурдани таҳдидҳои фаромарзӣ ҳамкории кишварҳои минтақа муҳим мебошад.
20.10.2026 09:21

Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон

19-уми октябр президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки ба мақсади иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби “C5+1” дар шаҳри Самарқанд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
20.10.2026 09:18

Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр дар Қасри миллат Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.