Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Президенти Федератсияи Русия имрӯз бо Стив Уиткофф, намояндаи хоси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Ховари Миёна дар шаҳри Маскав мулоқот намуда, масъалаи ҳаллу фасли буҳрони Эрон ва ҷанги Украинаро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Президенти Русия гуфтааст, ки Русия мехоҳад дар ҳаллу фасли буҳрони Эрон саҳм гузорад.
Дар мулоқот ҷонибҳо эҳтимоли барқарор кардани музокироти сеҷониба дар бораи Украина ва густариши робитаҳои иқтисодии Русия ва Амрикоро низ баррасӣ кардаанд.
Владимир Путин дар ҷараёни мулоқт ба Стив Уиткофф гуфтааст, Русия барои мусоидат ба ҳалли буҳрон дар атрофи Эрон омодааст. Ӯ гуфтааст, мехоҳад арзёбии Амрико доир ба вазъияти Эронро шунавад. Путин гуфтааст, пешниҳоди Русия барои ҳалли буҳрони Эрон аз ҳоло маълум аст.
Ҳар ду ҷониб дар мулоқот масъалаи ҷанги Украинаро низ баррасӣ кардаанд. Путин аз таваҷҷуҳи Доналд Трамп ба ҳалли низоъ изҳори сипос карда, гуфтааст, ки барои қатъи даргириҳо имкониятҳо вуҷуд дорад.
Стив Уиткофф музокироти ахири намояндагони Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Украина дар Ослоро созанда арзёбӣ намуда, аз пешрафти музокирот хабар додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.