Дипломати тоҷик: Тоҷикистон аз субот ва бозсозии Афғонистон ҳимоят мекунад
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон
Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд
Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид
Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони ҳайтаҳои узви кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай даъват намуданд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, амният ва технологияҳои навро густариш диҳанд. Дар мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узв дар шаҳри Душанбе ҳамчунин, масъалаҳои ҳалли осоиштаи низоъ, ҳифзи пиряхҳо, дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми октябр дар Қасри миллат бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд. Бар асоси иттилои Хадамоти матбуоти президент ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориҳо ва роҳҳои татбиқи қарорҳои қаблан қабулшудаи созмонро баррасӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар таъкид намуданд, ки дар шароити тағйирёбии вазъияти ҷаҳон СҲШ метавонад дар таҳким ёфтани сулҳу субот, эътимод ва рушди устувор нақши муҳимтар дошта бошад. Сарвари давлат ҳамчунин, аз ҳалли осоиштаи низоъҳо ва тақвияти нақши СММ ҷонибдорӣ карданд.
Президенти кишвар ба ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2028” ишора намуданд. Ин пешниҳод аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ шуд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки афзоиши тиҷорату сармоягузорӣ, рушди роҳҳои нақлиётӣ ва густариши ҳамкориҳои саноатӣ аз самтҳои афзалиятноки СҲШ мебошад. Иқтисоди рақамӣ, технологияҳои сабз ва таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ низ дар ин рӯйхат қарор доранд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки қарорҳои қабулшуда бо барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас амалӣ шаванд. Ба таъкиди сарвари давлат, тақвияти робитаҳои СҲШ бо СММ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ метавонад ба густариши ҳамкориҳо мусоидат кунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаи муштарак бо терроризм, эктремизм, радикализм, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллиро муҳим донистанд. Роҳбари давлат ба зарурати таъсиси Маркази зиддимуходиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ва татбиқи стратегияи рушди иқтисоди созмони мазкур то соли 2030 таъкид намуданд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон мақсад дорад ислоҳотро барои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ идома диҳад. Ба таъкиди роҳбари давлат истифодаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз самтҳои муҳимми рушди оянда мебошанд.
“Мо бовар дорем, ки рушди робитаҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва давлатҳои манфиатдор муҳим аст”, - иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар мулоқот ҳамчунин, ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, омӯзиши касбии ҷавонон, фарҳанг ва таҳқиқоти илмӣ баррасӣ шуданд.
Масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зисту пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об низ аз мавзуъҳои мулоқот буданд. Сарвари давлат аз кишварҳои узви созмон даъват намуданд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самтро дастгирӣ кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард
Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд