Ройтерз: Чин аз Тоҷикистон даъват кард мубориза бо ифротгароиро пурзӯр ва барои ҳифзи ҷони чиниҳо чораҳои қатъӣ андешад
Расонаҳои ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд: Эрон 135 бор ба инфрасохтори низомии Амрико ҳамла кардааст
Трамп: “Зеленский намехоҳад ҷанг дар Украинаро ба поён расонад”
Фуруд омадани изтирории ҳавопаймои аз Исроил парвозкарда ба далели таҳдиди амниятӣ дар Булғористон
Ройтерз: Чин аз Тоҷикистон даъват кард мубориза бо ифротгароиро пурзӯр ва барои ҳифзи ҷони чиниҳо чораҳои қатъӣ андешад
Хабаргузории “Ройтерз” навишт, Ли Сян, сарвазири Ҷумҳурии халқии Чин аз Тоҷикистон даъват намудааст, ки ҳамкориҳои амниятӣ, табодули иттилооти иктишофӣ барои мубориза бо ифротгароӣ ва ҷудоихоҳиро густариш диҳад. Ӯ, ҳамчунин, аз Тоҷикистон хостааст, барои ҳифзи ҷони шаҳрвандони Чин чораҳои қатъӣ андешад.
Хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба хабаргузории чинии “Синхуа” рӯзи 19-уми октябр хабар дод, ки сарвазари Чин Ли Сян ин масъалаҳоро дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ намудааст.
Сарвазири Чин гуфтааст, ду кишвар бояд ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва амниятро тақвият дода, табодули иттилооти иктишофиро густариш диҳанд. Ӯ гуфтааст, Чин ва Тоҷикистон бояд дар мубориза бо ин чизе, ки онро Чин се неруи бад медонад, ҳамкорӣ намояд. Ин истилоҳ дар сиёсати хориҷии Чин ба терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ ишора менамояд.
Хабаргузории “Ройтерз” менависад, Чин аз солҳои қабл нигарони он аст, ки нооромиҳо дар Осиёи Марказӣ метавонанд ба вилояти автономии Синзян, дар ғарби Чин паҳн шаванд. Дар ин минтақа асосан уйғурҳои мусалмон зиндагӣ менамоянд. Мақомоти Чин дар солҳои гузашта бархе ҳамлаҳо дар Синзянро ба ҷангҷӯёни уйғур нисбат додаанд.
“Дар солҳои гузашта дар марзи Тоҷикистон панҷ шаҳрванди Чин дар ҳамлаҳо кушта шудаанд, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистони ҳамсоя анҷом дода шуда буданд”- менависад хабаргузории “Синхуа”-и Чин.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
255 евро. Криштиану Роналду ҷарима ва муддате аз футбол маҳрум карда шуд
Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт