Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
255 евро. Криштиану Роналду ҷарима ва муддате аз футбол маҳрум карда шуд
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Ӯзбекистон мехоҳад раванди ҷорӣ кардани убури марз бо Тоҷикистон ба воситаи кортҳои ID-ро осонтар намуда, талош кунад, ки ин раванд ҳар чӣ зудтар анҷом дода шавад.
Ин масъаларо рӯзи 20-уми октябр Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баррасӣ карда, таъкид намудааст, ки афзоиши ҳамлу нақли бор ва густариши робитаҳои ду кишвар зарурати ин иқдомро бештар кардааст.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби C5+1 рӯзи 20-уми октябр ба Ӯзбекистон рафта буд.
Тибқи иттилои расонаҳои ӯзбекистонӣ, Шавкат Мирзиёев дар мулоқоти дуҷониба гуфтааст, ки муносибатҳои ду кишвар дар солҳои охир ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Таъкид шуд, ки агар дар солҳои гузашта марзҳо баста буданд, ҳоло Тоҷикистон ва Ӯзбекистон робитаҳои тиҷоратии худро густариш медиҳанд.
Президенти Ӯзбекистон ба пайвандҳои хешутабории сокинони ду кишвар ишора намуда, таъкид кардааст, ки тақрибан дар ҳар оила хашовандоне вуҷуд доранд, ки дар он сӯйи марз зиндагӣ мекунанд.
Баррасӣ шудани ин масъала аз ҷониби Шавкат Мирзиёев ва Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар ҷумлаи кишварҳои Қазоқистон ва Қирғистон қарор гирифтааст, ки аз қаламрави он сайёҳони бештар вориди Ӯзбекистон мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард
Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд