21 Октябр 2026,
чоршанбе, 13:11, Душанбе
21.10.2026 10:14

Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст

Аббос Ирқочӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ки музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба воситаи миёнравҳо, аз ҷумла Покистон ва Қатар идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, Эрон барои ҳалли дипломатии ихтилофҳо омода аст, вале то замони иҷрои уҳдадориҳои қаблӣ аз сӯйи ИМА, боз шудани комили тангаи Ҳурмуз имконпазир нахоҳад буд. Ӯ гуфтааст, ки Эрон ҳеч вақт таслим намешавад.

Сайид Аббос Ироқчӣ ин нуктаро дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Ал-Ахбория”-и Ироқ баён намудааст.

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки қаблан Теҳрон ба ҷониби Амрико нақшаи ҳафтрӯзаро пешниҳод карда буд, ки дар он шартҳои Эрон барои идомаи музокирот муайян шуда буданд. Ӯ таъкид кард, ки бояд дар рӯзи шашуми ин давра гузаргоҳи Ҳурмуз пурра боз мешуд, вале ҷониби Амрико мехост чанд банди дигар пешниҳод кунад.

Аббос Ироқчӣ ҷузъиёти шартҳои иловагии Вашингтонро дар ин мусоҳиба фош накард. Ӯ гуфт, қабл аз оғози музокирот дар масъалаҳои дигар, ИМА бояд ба тамоми уҳдадориҳои дар ёддошти тафоҳуми Исломобод сабтшуда пойбанд бошад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид намуд, ки таҷрибаи музокироти пешина эътимоди Теҳронро ба Вашингтон коҳиш додааст. Тибқи гуфтаи ӯ, се даври қаблии музокирот бо Амрико дар ниҳоят ба ҷанг бар зидди Эрон анҷом ёфтааст.

“Дарҳои дипломатия барои мо боз аст, ба шарте, ки ҷониби муқобил ба тафовуқҳо пойбанд бошад” – таъкид кард Аббос Ироқчӣ.

Ҳурмуз асли ихтилофи ду тараф

Қисмати асосии мусоҳиба ба вазъияти тангаи Ҳурмуз бахшида шудааст. Ин гузаргоҳ яке аз роҳҳои муҳимми интиқоли нафт ва дигар молҳои тиҷоратӣ дар ҷаҳон мебошад.

Аббос Ироқчӣ гуфт, ки то замони расидан ба тавофуқ бо ИМА ҳаракати киштиҳо аз ин гузаргоҳ бо мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин мақоми эронӣ вазъияти кунуниро натиҷаи ҳамлаҳои низомии ИМА ва Исроил бар зидди Эрон номид.

Вазири корҳои хориҷии Эрон иддаои Амрико дар мавриди боз будани тангаи Ҳурмузро зери шубҳа гузошта, гуфт, ки киштиҳо дар вақти ворид шудан ба обҳои ин минтақа ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешаванд.

Аббос Ироқчӣ гуфт, Теҳрон бо Уммон дар хусуси муайян кардани масирҳои мушаххаси вуруд ва хуруҷи киштиҳо аз гузаргоҳ ба созиш расид. Ӯ таъкид намуд, ки ин роҳ бояд дар Созмони байналмилалии баҳрнавардӣ сабт шавад. Вале дар ин мусоҳиба шарҳи мустақили ҷониби Амрико ё Уммон дар хусуси ин иддаоҳо зикр нашудааст.

Эрон аз эҳтимоли ҷанги нав мегӯяд

Аббос Ироқчӣ эҳтимоли оғози дубораи ҷанг аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроилро рад накард. Ӯ таъкид намуд, ки Эрон барои дифоъ аз худ омода аст, вале ин маънои онро надорад, ки Теҳрон хоҳони ҷанг аст.

Ӯ таъкид кард, омодагии низомии Эрон бояд аз оғози амалиёти нави зарбӣ пешгирӣ кунад. Вазири эронӣ афзуд, ки кишвараш ҳамзамон барои идомаи музокироти дипломатӣ низ омода аст.

Аббос Ироқчӣ инчунин, гуфт, ихтилофҳо бо Вашингтон фақат ба барномаи атомии Эрон маҳдуд намешаванд. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи аслӣ муносибати ИМА ба низоми сиёсӣ ва сиёсати мустақилонаи Эрон мебошад.

Ин мавқеи ҷониби Эрон аст ва дар суҳбат посухи мақомоти Амрико ба ин арзёбӣ пешниҳод нашудааст.

Мавқеи Теҳрон дар хусуси Яман

Дар бахши дигари мусоҳиба Сайид Аббос Ироқчӣ ба вазъияти Яман ва танишҳо дар минтақаи Баҳри Сурх дахл кардааст. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи “Ансуруллоҳ” –и Яман ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон гурӯҳҳои мустақил мебошанд ва дар тобеи Эрон нестанд. Ӯ афзуд, ки Теҳрон аз ин гурӯҳҳо пуштибонӣ мекунад, вале ин маънои онро надорад, ки онҳо аз дастури Эрон амал мекунанд.

Аббос Ироқчӣ таъкид намуд, Эрон омода аст миёни Яман ва Арабистони Саудӣ миёнаравӣ кунад, вале то замони мусоҳиба аз ҳеч яке аз ҷонибҳо посух нагирифтааст.

Ӯ ҳушдор дод, ки дахолати низомии кишварҳои  хориҷӣ ба умури Яман метавонад вазъиятро боз ҳам печидатар намояд.

Таъсири буҳрон ба кишварҳои минтақа

Дар мусоҳиба ҳамчунин, масъалаи таъсири буҳрони Ҳурмуз ба Ироқ матраҳ шудааст. Аббос Ироқчӣ гуфт, Теҳрон барои кам намудани мушкилоти ҷониби Ироқ талош кард ва барои киштиҳои ироқӣ баъзе масирҳои махсуси убурро пешниҳод намуд. Ӯ гуфт, танишҳои кунунӣ на фақат барои Эрон, балки барои кишварҳои дигари минтақа низ зарари иқтисодӣ мерасонанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

21.10.2026 10:46

Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони ҳайтаҳои узви кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай даъват намуданд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, амният ва технологияҳои навро густариш диҳанд. Дар мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узв дар шаҳри Душанбе ҳамчунин, масъалаҳои ҳалли осоиштаи низоъ, ҳифзи пиряхҳо, дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
21.10.2026 10:28

Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш

Тоҷикистон дар қатори Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҷумлаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз қаламрави он, бештари сайёҳон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.
21.10.2026 10:20

Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд

Ӯзбекистон мехоҳад раванди ҷорӣ кардани убури марз бо Тоҷикистон ба воситаи кортҳои ID-ро осонтар намуда, талош кунад, ки ин раванд ҳар чӣ зудтар анҷом дода шавад.
21.10.2026 10:14

Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст

Аббос Ирқочӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ки музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба воситаи миёнравҳо, аз ҷумла Покистон ва Қатар идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, Эрон барои ҳалли дипломатии ихтилофҳо омода аст, вале то замони иҷрои уҳдадориҳои қаблӣ аз сӯйи ИМА, боз шудани комили тангаи Ҳурмуз имконпазир нахоҳад буд. Ӯ гуфтааст, ки Эрон ҳеч вақт таслим намешавад.
21.10.2026 09:01

Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора аз муборизаи Сатторхон, як чеҳраи маъруфи ҳаракати машрутахоҳии Эрон гуфт, ки озодӣ, қонун ва сарбаландии миллат арзишҳое мебошанд, ки барои онҳо мубориза бурдан зарур мебошад.
21.10.2026 07:46

80 нигораи нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар Италия муаррифӣ шуд

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-уми октябр дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà)-и шаҳри Рим намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» бо иштироки намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
20.10.2026 17:36

Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст

Рӯзномаи “Ню-Йорк пост” менависад, ки дар таҳқиқоти нав мақомоти федералии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иттиҳоми издивоҷи сенатори Конгресси Амрико Илҳон Умар бо бародараш, аз ҷумла ба далелҳои эҳтимолии генетикӣ даст ёфтаанд. Ин рӯзнома навишт, ҳоло “натиҷаҳои ташхиси ДНК ё санадҳои судие, ки ин иддаоро тасдиқ кунад”, ба шакли оммавӣ нашр нашудаанд.
20.10.2026 16:09

Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт

Бар асоси иттилои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон ду нафткаш дар гузаргоҳи Ҳурмуз бар асари таркиши минаҳои дарёӣ оташ гирифта ва ҳаракати онҳо аз ҷониби неруҳои Сипоҳи посдорон боздошта шуд.