21 Октябр 2026,
чоршанбе, 20:12, Душанбе
21.10.2026 15:03

Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд

Бинобар иттилои раиси вилояти Суғд, имрӯз, 21-уми октябр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд нимпайкараи ходими давлативу ҷамъиятӣ Қаҳҳор Маҳкамов гузошта шуд.

Манбаъ навиштааст, ки дар маросими ифтитоҳи нимпайкара раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва аҳли зиё иштирок намуданд.

“Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ба хизматҳои ходимони давлативу ҷамъиятӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, аз меҳнати собиқадорони меҳнат ҳамеша қадр менамояд”, - омадааст дар иттилоия. 

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

21.10.2026 17:36

26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат

Профессор, устоди журналистони тоҷик, донишманди варзида ва ходими сиёсӣ Иброҳим Усмонов яке аз чеҳраҳои ҳамеша дастрас, фаъол ва мусоҳибадиҳанда барои расонаҳои кишвар ҳастанд. Дар тӯли ду даҳсола дар расонаҳо аз Иброҳим Усмонов мусоҳиба ва суҳбатҳое нашр шудаанд, ки бозгӯкунандаи вазъияти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон мебошанд. Дар бархе аз ин мусоҳибаҳо устод Иброҳим Усмонов суханҳои афкорсоз гуфтаанд. Бо истифода аз мусоҳибаҳои дар солҳои мухталиф анҷомдодаи Иброҳим Усмонов 26 сухани афкорсозро дар ин ҷо гулчин кардаем, ки метавонед мутолиа кунед:
21.10.2026 17:29

Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад

Президенти Федератсияи Русия имрӯз бо Стив Уиткофф, намояндаи хоси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Ховари Миёна дар шаҳри Маскав мулоқот намуда, масъалаи ҳаллу фасли буҳрони Эрон ва ҷанги Украинаро мавриди баррасӣ қарор додааст.
21.10.2026 17:11

Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем

Ҷабҳаи озодии Афғонистон хабар дод, ки шоми сешанбе ба як посгоҳи Толибон дар вилояти Парвони Афғонистон ҳамла кардаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла се узви гурӯҳи террористии Толибон кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
21.10.2026 17:05

Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22–юм то 24-уми октябр дар Осорхонаи миллӣ XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
21.10.2026 15:01

Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард

Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр ва Муҳаммад Баҳр ал-Улум, муовини Вазири корҳои хориҷии Ироқ, дар шаҳри Бағдод мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
21.10.2026 10:46

Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони ҳайтаҳои узви кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай даъват намуданд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, амният ва технологияҳои навро густариш диҳанд. Дар мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узв дар шаҳри Душанбе ҳамчунин, масъалаҳои ҳалли осоиштаи низоъ, ҳифзи пиряхҳо, дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
21.10.2026 10:28

Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш

Тоҷикистон дар қатори Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҷумлаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз қаламрави он, бештари сайёҳон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.
21.10.2026 10:20

Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд

Ӯзбекистон мехоҳад раванди ҷорӣ кардани убури марз бо Тоҷикистон ба воситаи кортҳои ID-ро осонтар намуда, талош кунад, ки ин раванд ҳар чӣ зудтар анҷом дода шавад.
21.10.2026 10:14

Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст

Аббос Ирқочӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ки музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба воситаи миёнравҳо, аз ҷумла Покистон ва Қатар идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, Эрон барои ҳалли дипломатии ихтилофҳо омода аст, вале то замони иҷрои уҳдадориҳои қаблӣ аз сӯйи ИМА, боз шудани комили тангаи Ҳурмуз имконпазир нахоҳад буд. Ӯ гуфтааст, ки Эрон ҳеч вақт таслим намешавад.