7 Октябр 2026,
чоршанбе, 17:51, Душанбе
02.10.2026 18:06

Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд

Бар асоси иттилои АМИТ “Ховар” кишоварзони Тоҷикистон имсол беш аз 866 ҳазор тонна зироатҳои ғалладона ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳосили баъзе навъҳои ғалла ба 40 сентнер аз як гектар расидааст.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон то ҳол аз майдони 275 ҳазору 290 гектар замин зироатҳои ғалладона ҷамъоварӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон ғалладона ва зироатҳои лӯбиёгӣ, аз ҷумла гандум, лӯбиё, мош, биринҷ, ҷуворимакка, аз маҳсулоти асосии ғизоӣ ба ҳисоб мераванд.

Мақомоти кишвар мегӯяд, ки барои зиёд намудани истеҳсоли ин навъи маҳсулот ва таъмини аҳолӣ бо ғизои босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза иқдомҳо идома доранд.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2025 Тоҷикистон дар маҷмуъ тақрибан 1,7 миллион тонна ғалла истеҳсол кардааст.

Масоҳати умумии заминҳои кишти ғалла дар ҳамаи бахшҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2025 ба 375 ҳазору 709 гектар расид.

Ғалла яке аз маҳсулоти асосии сабади истеъмолии Тоҷикистон аст ва зиёд шудани он метавонад вабастагии кишварро ба воридоти ғалла коҳиш диҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.