19 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 01:31, Душанбе
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.

Ин ҷабҳа рӯзи ҷумъа, 25-уми сентябр, бо нашри хабарномае гуфтааст, ки неруҳои онҳо тақрибан соати 10:00-и шаби панҷшанбеи гузашта ба ҳавзаи якуми ҷангҷӯёни Толибон дар маркази Сарипул ҳамла кардаанд.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон гуфтааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт се ҷангҷӯйи Толибон кушта ва ду нафари дигари ин гурӯҳ захмӣ шудаанд.

Бар асоси хабарнома, ин ҳамла замоне анҷом шудааст, ки шуморе аз ҷангҷӯёни Толибон дар дохили ин ҳавза ҷамъ омада буданд.

Ин ҷабҳа дар бораи талафоти эҳтимолии неруҳои худ ва чигунагии анҷоми ин ҳамла ҷузъиёти бештаре пешниҳод накардааст.

Ин дар ҳолест, ки ҷабҳаҳои мухолифи гурӯҳи террористии Толибон, аз ҷумла Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ҳамлаҳои худро алайҳи ин гурӯҳ афзоиш додаанд ва дар як рӯйдоди дигар аз кушта ва захмӣ шудани се ҷангҷӯйи Толибон дар Кобул хабар дода буданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.11.2026 17:37

Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст

Бонки ҷаҳонӣ дар изҳороти нави худ ҳушдор дод, бо вуҷуди пешбинии рушди иқтисодии Афғонистон дар соли 2026, коҳиши даромади аҳолӣ, афзоши нахи маводи ғизоӣ ва камбуди об вазъияти зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст.
18.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул дар мулоқот бо раиси Палатаи тиҷорат ва сармоягузории ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон Сайид Карим Ҳошимӣ масъалаи таъсиси бозори муштрак дар минтақаи марзии ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд.
18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.