1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 04:21, Душанбе
06.08.2026 16:42

Барои кам намудани талафоти нерӯи барқ. Созишномаи қарзии иловагӣ миёни Тоҷикистону Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати молия, Созишномаи қарзии иловагӣ оид ба лоиҳаи «Таҳкими шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб дар робита ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ки маблағи қарзи иловагӣ дар доираи созишномаи мазкур 10 миллион евроро ташкил дода, онро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ваколатдори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расониданд.

“Ҳадафи асосии лоиҳа кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии нерӯи барқ тавассути қисман таҷдиди шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ, ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ ва биллинг, инчунин, насбу васли ҳисобкунакҳои интеллектуалии электронии нерӯи барқ мебошад”, - навиштааст манбаъ.

Иттилоъ дода мешавад, ки татбиқи лоиҳа ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ, коҳиш додани талафоти нерӯи барқ, беҳтар намудани сифати таъминоти барқ ба истифодабарандагон ва таҳкими эътимоднокии низоми энергетикии вилояти Хатлон мусоидат менамояд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.