1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 04:20, Душанбе
06.08.2026 13:30

Фирдавс Толибзода бо ҳайати Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот намуд

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ, директори Дафтари минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Осиё ва Уқёнуси Ором Такаши Нагаока ва мудири барномаҳои Дафтари минтақавии ХБА барои Осиё ва Уқёнуси Ором Саика Кин мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва рушди иқтидори касбии мутахассисони низоми бонкии кишварро баррасӣ кард.

Тавре ки маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ Фирдавс Толибзода қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар марҳилаи муҳими таҳаввулоти институтсионалӣ қарор дошта, ҷиҳати ташаккули як бонки марказии муосир ва устувор ислоҳоти муҳимро амалӣ менамояд.

“Ин раванд, ба таҳкими низоми сиёсати пулию қарзӣ, такмили танзиму назорати бонкии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, рушди таҳлили макроиқтисодӣ ва бахши молиявӣ, суръат бахшидани рақамикунонӣ, тақвияти идоракунии институтсионалӣ ва такмили низоми идоракунии хавфҳо равона шудааст”, - навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин зарурати таҳкими ҳамкории минбаъда, ҷалби бештари мутахассисони ҷавону соҳибистеъдоди Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои таҳсилоти роҳбарӣ, таҳқиқоти илмӣ, муколамаи сиёсӣ ва рушди иқтидори институтсионалиро баррасӣ намуданд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.