Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Дурнамои фаъолияти Starlink дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор кард.
Тавре ки маркази матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро пас аз оғози расмии фаъолияти Starlink дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Манбаъ навиштааст, ки намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуданд, ки истифодаи интернети моҳворавӣ барои муассисаҳои соҳаҳои тандурустию маориф, хизматрасониҳои давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ дар минтақаҳои дурдаст, татбиқи зеҳни сунъӣ, рушди харитасозии рақамӣ ва инфрасохтори ҳисоббарории «сабз»-ро дар бар мегирад.
“Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корро оид ба таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ идома дода, оғози фаъолияти Starlink-ро заминаи муҳими рушди шарикии дарозмуддати технологӣ арзёбӣ намуданд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод