Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Такаши Нагаока вохӯрӣ намуд
Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Директори Дафтари минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё ва Уқёнуси Ором Такаши Нагаока вохӯрӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, рушди иқтидори захираҳои инсонӣ ва иштироки Тоҷикистон дар Барномаи стипендиявии Ҷопон ва Хазинаи байналмилпалии асъор барои Осиёро (JISPA) баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо аҳамияти Барномаи JISPA-ро дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ва таҳкими иқтидори мақомоти давлатӣ таъкид карда, тавсеаи мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамкориҳоро барои омода намудани кадрҳои соҳибтахассус дар самти таҳлили макроиқтисодӣ, сиёсати савдо ва сармоягузорӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод