Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Дастикам 72 тан дар пайи ҳуҷуми муҳоҷирон ба Испания ҷон бохтанд
Дар пайи ҳуҷуми густурдаи ҳазорон муҳоҷир аз Марокаш ба минтақаи Сеутаи Испания дар рӯзҳои ахир, дастикам 72 тан ҷон бохтаанд.
Хабаргузории “Франс Пресс”, шаби якшанбе, 2-уми август, гузориш додааст, ки давлати Испания охирин омори қурбониёни ҳуҷуми густурдаи муҳоҷиронро эълом кардааст.
Бар асоси гузориш, Мигел Анхел Перес Триано, намояндаи давлати Испания дар Сеута, дар бораи шумори кушташудагон гуфтааст: “Охирин оморе, ки мо дорем, 72 нафар аст”.
Омори қурбониёни ҳуҷуми густурдаи ҳазорон муҳоҷир аз шимоли Африқо ба хоки Испания, пештар 67 тан эълом шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки бузургтарин ҳуҷуми муҳоҷирон ба ин минтақа буҳрони байналмилалӣ барои Испания эҷод кардааст ва шарикони аврупоӣ аз Мадрид ба хотири сиёсатҳои муҳоҷиратии он интиқод мекунанд.
Бо ин ҳол, ҳамасола ҳазорон муҳоҷир аз Осиё ва Африқо барои доштани зиндагии беҳтар, бо пазируфтани хатари марг, аз роҳҳои душворгузар раҳсипори Аврупо мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад