Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Барои беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ Тоҷикистон аз Фонди Кувайт 20 миллион доллар қарз мегирад
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 23-юми июн дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори генералии Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти Араб Валид Ал-Баҳар вохӯрӣ намуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳошияи вохӯрӣ маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти Араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо» баргузор гардид, ки онро Файзиддин Қаҳҳорзода ва Валид Ал-Баҳар ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, ки маблағи умумии созишномаи мазкур 6,0 млн динори кувайтӣ (баробар ба 20,0 млн доллари амрикоӣ)-ро ташкил намуда, пурра маблағи қарзи имтиёзнок мебошад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур 4,5 млн доллар аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
“Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ, қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавассути сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии якчанд муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст