26 Сентябр 2026,
шанбе, 13:35, Душанбе
03.06.2026 17:09

Аз гардиши савдо то лоиҳаи «CASA -1000» дар ҷаласаи муштараки Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд

Рӯзҳом 2-юм ва 3-юми июни соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони Комиссия – Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ, вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб доир шуд. 

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, бонкдорӣ, илму технология, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, нақлиёт ва коммуникатсия мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

"Зикр гашт, ки дар соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 43 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар моҳҳои январ-марти соли 2026 ба маблағи 8,9 миллион доллари ИМА баробар гардид", - омадааст дар иттилоия. 

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа ҳамзамон, аҳамияти муҳими лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA -1000» барои рушди ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи энергетика зикр гардид.

"Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки татбиқи қарорҳои қабулшуда барои таҳкими бештари муносибатҳои дӯстона ва шарикии мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард", - зикр мегардад дар иттилоия.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
25.09.2026 18:08

Зеленский барои дидор бо Путин омодагӣ нишон дод

Кремл аз даъвати Иёлоти Муттаҳида барои ҳузури Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти ояндаи Гурӯҳи 20 кишвари бузурги иқтисодӣ (G20) истиқбол кардааст. Ҳамзамон, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, ки барои мулоқот бо Путин дар ҳошияи ин нишаст омода аст.
25.09.2026 17:51

Украина ду асири ҷангии Кореяи Шимолиро ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, Киев ду низомии Кореяи Шимолиро, ки дар ҷараёни ҷанги Русия ва Украина асир гирифта шуда буданд, ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст.