4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:51, Душанбе
14.05.2026 12:54

Аз Хатлон ба хориҷи кишвар 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд

13-уми май аз ҳудуди вилояти Хатлон 10 мошини боркаш бо 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба давлатҳои хориҷӣ содирот гардид.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, аз аввали мавсими содирот то имрӯз тавассути гузаргоҳҳои гумрукии ҷумҳурӣ аз вилояти Хатлон беш аз 3562 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои хориҷӣ интиқол дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки маҳсулоти истеҳсолшуда асосан ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркия ва Сурия содирот мегардад.

Манбаъ меафзояд, ки қисми асосии содиротро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад, ки ҳаҷми он ба 2944 тонна мерасад. Инчунин, зиёда аз 226 тонна лаблабуи сурх, 73 тонна зардолу, 20 тонна олу, 22 тонна карам, 20 тонна сирпиёз ва 257 тонна дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо