30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 14:30, Душанбе
01.05.2026 19:10

Мэтю Гартнер нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ кард

Имрӯз, 1-уми май вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон Мэтю Гартнер ва ҳайати он вохӯрӣ намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, мукамалгардонии низоми дурнамосозӣ, пешгирии таъсири хавҳои эҳтимолӣ ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2026 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар суръати рушди иқтисоди миллӣ 8 фоизро ташкил дод.

Дар ин росто, Мэтю Гартнер устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дастовардҳои иқтисодии ноилгардидаи Тоҷикистонро дар соли 2025 ва се моҳи аввали соли 2026 мусбӣ арзёбӣ намуда, қайд кард, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна, солҳои охир рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи баланд таъмин гардида истодааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.