Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Далер Ҷумъа: "Татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» аҳамияти стратегӣ дорад"
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 18-ум то 20-уми апрел дар шаҳри Душанбе вобаста ба баррасии раванди татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи «CASA-1000» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, роҳбарияти Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS), Бонки ҷаҳонӣ ва шикрати пудратчӣ Kamani Engineering Corporation (KEC) ҷаласаҳои корӣ баргузор гардиданд.
Манбаъ меафзояд, ки зимни ҷаласаҳо Далер Ҷумъа таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани эътимод миёни кишварҳои аъзо ва таъмини содироти нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аҳамияти стратегӣ дорад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло аз чор давлати аъзои лоиҳа дар сетои он – Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистон идома доранд.
"Намояндагони ширкати KEC иброз доштанд, ки корҳои боқимонда дар ҳудуди Афғонистон тибқи нақшаи таҷдидшуда баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад ва аз тобистони соли 2027 марҳилаи тиҷоратии лоиҳа оғоз мегардад", - зикр мешавад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”