Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад
Далер Ҷумъа ва Мелисса Бровн сохтмони «Роғун», CASA-1000 ва рушди неругоҳҳои офтобиро баррасӣ карданд
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Ассотсиатсияи энергетикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мелисса Бровн мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар соҳаи энергетика баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи технологияҳои муосир зоҳир гардид.
“Дар идомаи муколама масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла пешрафти сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000, рушди неругоҳҳои офтобӣ, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими захираҳои обӣ ва инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифтанд”, - зикр мекунад манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, изҳор намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҷинпин хостори нақши пешсафи Чину Русия дар ташкили низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ шуд
Путин дар Чин: “Таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия ноком аст”
Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст
Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард