4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:48, Душанбе
12.03.2026 14:23

То 2028 хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории лоиҳаи «CASA-1000» таъмин мешавад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи муколамаи сатҳи баланд вобаста ба татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» дар шаҳри Людвикаи Шветсия ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки консорсиуми ширкатҳои «HITACHI ENЕRGY» (Шветсия)/«Cobra Instalaciones y Servicios S.A.» (Испания) хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории лоиҳаро дар Тоҷикистон (Сангтӯда) ва Ҷумҳурии Исломии Покистон (Навшера) то моҳи майи соли 2028 ба анҷом расонанд.

Манбаъ меафзояд, ки ин қарор имкон медиҳад, ки хизматрасонӣ ва истифодаи устувори иншооти калидии инфрасохтори лоиҳа таъмин гардида, ҳамзамон, шароити мусоид барои анҷомёбии сохтмони хати интиқоли ҷараёни доимӣ дар ҳудуди Афғонистон фароҳам оварда шавад, ки ба анҷом расидани он дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. Бо ин роҳ, инфрасохтори лоиҳаи «CASA-1000» пурра то соли 2027 ба шабакаи барқ пайваст карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки аз чор се кишвари иштирокчии лоиҳа – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон, аллакай сохтмони иншооти худро дар доираи лоиҳа ба анҷом расонидаанд. Интизор меравад, ки сохтмони хати интиқоли ҷараёни доимӣ дар Афғонистон то соли 2027 хотима ёбад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо