4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:48, Душанбе
03.03.2026 12:32

Парвозҳо ба Дубай муваққатан боздошта шуданд. Шарҳи "Сомон Эйр"

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо нашри иттилоияе хабар дод, ки дар пасманзари нооромиҳо дар Ховари Миёна парвозҳояш дар масири Душанбе-Дубай-Душанберо муваққатан боздошт.

Ба навиштаи манбаъ, тасмими мазкур дар ростои маҳдудияти ҷоришуда барои истифода аз ҳарими ҳавоӣ дар Ховари Миёна гирифта шудааст ва то 6-уми марти соли ҷорӣ дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе парвоз анҷом намедиҳад.

Ҳамчунни, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба мусофироне, ки дар давраи зикршуда билет доранд, тавсия додааст, ки аз қабл вазъи парвозҳоро дар сомонаи расмии ширкат санҷанд ва барои дастрас кардани маълумоти бештар ба рақамҳои +992 44 640 40 49, +992 44 640 40 50 ва +992 93 777 74 59 (WhatsApp) тамос бигиранд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо