3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
24.02.2026 15:40

Мактабҳои кишвар ба интернети баландсуръат пайваст мегарданд

Имрӯз, 24-уми феврал дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илм бо ҳайати ташаббуси Giga ва намояндагони ЮНИСЕФ вохӯрӣ намуд.

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии мазкур бо мақсади муаррифии расмии ташаббуси Giga ва баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ ҷиҳати пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба интернет доир шуд.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот масъалаҳои харитасозии муассисаҳои таълимӣ, муайян намудани вазъи мавҷудаи пайвастшавӣ ва қадамҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

“Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки таъмини муассисаҳои таълимӣ бо интернети босуръат заминаи муҳимми рушди маорифи рақамӣ ва баланд бардоштани сифати таълим ба шумор меравад”, - омадааст дар хабарномаи Вазорати маориф ва илм.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси Giga минбаъд низ идома ёфта, тадбирҳои мушаххас барои пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба интернети босуръат марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.