4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:11, Душанбе
23.02.2026 07:45

Умон: Даври нави музокироти Эрон ва Амрико панҷшанбе дар Женева баргузор мешавад

Вазири корҳои хориҷии Умон аз баргузории даври нави музокироти ғайримустақими ҳастаии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар рӯзи панҷшанбе дар Женева хабар дод.

Ба гузориши расонаҳо, як мақоми болоии давлати Умон шаби якшанбе изҳори умедворӣ кард, ки тавофуқ миёни Эрон ва Амрико ниҳоӣ шавад.

Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Умон, дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишт: “Бо камоли хурсандӣ таъйид мекунам, ки музокироти Эрон ва Амрико акнун барои Женева дар панҷшанбеи ҳамин ҳафта барномарезӣ шудааст ва талоши мусбате барои бардоштани гомҳои бузургтар ба сӯи ниҳоӣ кардани тавофуқ сурат мегирад”.

Вазири корҳои хориҷии Эрон ва як мақоми амрикоӣ низ таъйид карданд, ки музокироти ҳастаии ғайримустақими Амрико бо Эрон барои рӯзи панҷшанбе барномарезӣ шудааст.

Хатти хабарҳо