Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
60 миллион доллар. Имзои лоиҳаи грантӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ
Тавре ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Созишномаи молиявии грантии лоиҳаи «Рушди бозори неруи барқ ва ҳамоҳангсозии системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ дар доираи марҳилаи 1-уми равиши бисёрмарҳилаи барномавӣ» ба имзо расонида шуд.
Гуфта мешавад, ки Созишномаи грантӣ аз ҷониби вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Раббаланд ба имзо расида, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шуда, барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 60 миллион доллари амрикоӣ маблағи грантӣ пешбинӣ гардидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» то зеристгоҳи барқии «Регар-500» ва васеъсозии ин зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳи мукаммали лоиҳаи «Бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ Роғун-Сайҳун» (Ҷануб-Шимол марҳилаи 2) пешбинӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст