Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Интернети моҳворавии Starlink расман дар Тоҷикистон дастрас шуд
Бинобар иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмиёти иҷозатномавӣ, техникӣ ва бақайдгирии давлатии таҷҳизоти интернети моҳворавии Starlink дар кишвар ба анҷом расида, аз 5-уми феврали соли ҷорӣ фаъолияти он расман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Гуфта мешавад, ки ҳоло истифодаи расмии хизматрасониҳои интернети моҳворавии Starlink барои шаҳрвандон ва ташкилотҳо имконпазир аст.
“Харид, дастрас намудани таҷҳизот, инчунин маълумот оид ба шарту талабот ва тарофаҳои хизматрасонӣ аз ҷониби муштариён мустақиман аз сомонаи расмии Starlink.com дастрас карда мешавад. Нархи таҷҳизот ва тарофаҳои хизматрасонӣ аз ҷониби ширкати Starlink тибқи сиёсати тиҷоратии худ муайян мегардад”, - омадааст дар иттилоияи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода мешавад, ки истифодабарандагон метавонанд таҷҳизоти худро мустақилона дар сомонаи Starlink ба қайд гирифта, онро фаъол намоянд. Ҳангоми бақайдгирӣ маълумоти шахсӣ, аз ҷумла нусхаи шиноснома, силсила ва рақами шиноснома, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақами телефон, инчунин маълумоти корти пардохт бо маблағи кофӣ барои пардохти хизматрасонӣ талаб карда мешавад.
Зикр мегардад, ки бақайдгирии истифодабарандагон ва таҷҳизоти Starlink аз ҷониби худи ширкати Starlink анҷом дода шуда, маълумоти зарурӣ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдор пешниҳод мегардад.
Дар ин росто, Хадамоти алоқа раванди истифода ва фаъолияти хизматрасониро назорат намуда, дастрасии маълумоти заруриро барои мақсадҳои назоратӣ ва танзимӣ таъмин менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод