4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:47, Душанбе
12.02.2026 06:31

Ҳушдори Лориҷонӣ ба Амрико: Ҳадаф қарор додани пойгоҳҳо дар сурати иқдоми низомӣ

Алӣ Лориҷонӣ дар гуфтугӯ бо “Алҷазира” таъкид кард, ки ҳеч музокироте ба ғайр аз мавзуи ҳастаӣ анҷом намешавад.

Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо “Алҷазира” гуфт, ки танҳо дар бораи мавзуи ҳастаӣ музокирот дар ҷараён аст ва дар бораи парвандаҳои дигари ғайр аз ҳастаӣ ҳеч музокироте сурат нахоҳад гирифт.

Лориҷонӣ дар посух ба саволи “Алҷазира” гуфт: “Ҳеч пешниҳоди мушаххасе аз Вашингтон дарёфт накардаем ва ончи дар Умон анҷом шуд, фақат табодули паёмҳо буд”.

Вай идома дод: “Музокирот бо Вашингтон ҳамчунон, идома дорад ва кишварҳои минтақа барои муваффақияти музокирот талош мекунанд ва мавқеи мо дар хусуси он мусбат аст”.

Алӣ Лориҷонӣ дар идомаи гуфтугӯ бо “Алҷазира” таъкид кард, ки Амрико бо вуруд ба музокирот, масири оқилона ва мантиқиро пеш гирифтааст.

Алӣ Лориҷонӣ бо таъкиди дубора бар ин ки Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест, дар хусуси сифр шудани ғанисозӣ гуфт, ки ҳеч сухане дар бораи сифр шудани ғанисозии ураниум вуҷуд надорад: “Зеро мо ба ғанисозӣ дар заминаҳои энержӣ ва дорусозӣ ниёз дорем”.

Вай дар идома ба нақши манфии Исроил дар хусуси музокироти ҳастаӣ ишора карда ва чунин гуфт: “Исроил барои тахриби раванди музокирот талош мекунад ва ба дунболи баҳонаҳое барои шуълавар кардани ҷанг аст”.

Ӯ дар идома ҳушдор дод, ки Исроил на танҳо тарҳҳое алайҳи Эрон дунбол мекунад, балки суботи тамоми минтақаро ҳадаф қарор додааст.

Алӣ Лоринҷонӣ бо ҳушдори дубора  дар бораи паёмадҳои ҳар гуна моҷароҷӯии низомӣ алайҳи Эрон таъкид кард: “Агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба мо ҳамла кунад, пойгоҳҳои низомии онро дар минтақа ҳадаф қарор хоҳем дод”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо