Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Соли 2027 - 4G ва соли 2030 - 5G. Хадамоти алоқа гуфт, ки сифату суръати интернет беҳтар мешавад
Имрӯз, 28-уми январ Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли 2027 тамоми қаламрави кишвар ба интернети 4G фаро гирифта мешавад.
Ҳамчунин, дар нишаст афзуда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2030 пурра бо интернети насли 5G мегузарад.
Мавсуф афзуд, ки нақшаи насби пойгоҳҳои базавии насли 5G дар кишвар барои солҳои 2026-2030 тасдиқ шудааст, ки тибқи он дар 65 шаҳру ноҳияи мамлакат бо иштироки ширкатҳои алоқаи мобилӣ пойгоҳҳои базавии стандарти 5G насб мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло шумораи истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит (ноқилӣ) дар Тоҷикистон 5,2 миллион нафар буда, аз ин теъдод 5,1 миллион нафар муштарии интернети мобилӣ мебошанд.
Инчунин, афзуда шуд, ки шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ дар кишвар 8,2 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид