4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:48, Душанбе
16.12.2025 11:39

Эмомалӣ Раҳмон: "Соли 2027 истиқлолияти энергетии мамлакат пурра таъмин мегардад"

Ҳоло Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа шуда истодааст.

Дар Паём Сарвари давлат иброз доштанд, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуда, истиқлолияти энергетии мамлакат пурра таъмин мегардад.

Президенти мамлакат афзуданд, ки дар даҳ соли охир соҳаи энергетикаи мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфт. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловат-соати соли 2015 дар соли 2025 ба 24,2 миллиард-киловатт соат расонида шуд.

«Мо имрӯз мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем. Ин ҳолат аз як тараф натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ афзудани истеъмоли неруи барқ бошад, аз тарафи дигар таъсири камбориш омадани тирамоҳи соли равон ва кам гардидани воридшавии об ба обанборҳои неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад», – иброз доштанд Сарвари давлат.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо