4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:50, Душанбе
24.11.2025 10:34

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Кӯлоб дар 9 моҳ 382,6 миллион сомонӣ афзоиш ёфт

Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб ба 382 миллиону 679, 5 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 миллиону 409, 5 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.

Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба Ховар иттилоъ дода, таъкид намуданд, ки кишоварзони шаҳр дар айни замон аз тамоми захира ва техникаи мавҷуда фаъолона истифода мебаранд ва маъракаи шудгор ва кишти тирамоҳиро бо суръат идома медиҳанд. Тавре мутахассон мегӯянд, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва техникаи муосир ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.

Дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб 701 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунад, ки аксари онҳо ба пахтакорӣ, зироаткорӣ, моҳипарварӣ ва дигар самтҳои хоҷагидорӣ машғул мебошанд. Масъулон таъкид мекунанд, ки кишоварзон тасмим доранд, дар рӯзҳои наздик нақшаи кишти тирамоҳиро пурра бо сифати баланд иҷро кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо