Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Бо иқтидори 2000 дона газоблок дар як баст. Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии “Орзуи аъло”
Корхонаи истеҳсоли газоблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орзуи аъло” дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон мебошад, аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 20 ноябри соли 2025 ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иқтидори корхона истеҳсолии газоблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орзуи аъло” 2000 дона газоблок дар як бастро ташкил дода, он ба пешвози шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Қаҳрамон Ҳамроқулов бунёд гардидааст.
Дар корхона дар ду баст то 30 шаҳрванд бо кор таъмин мегарданд.
Инчунин корхонаи замонавии парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Истиқлоли Гулистон ифтитоҳ ёфт.
Корхона дорои имконияти парвариши 30 ҳазор сар мурғ буда, иқтидори истеҳсолии он 400 тонна гӯшти мурғ дар як солро ташкил медиҳад. Барои фаъолияти устувору муназзами ин корхона 12 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар корхона ду бинои асосӣ барои нигоҳубин ва парвариши паранда бунёд гардидааст, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар ҳар бино 15 ҳазор сар чӯҷа парвариш меёбад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз Роҳбари давлат дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Товус сардхонаи ҳозиразамонро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд. Иншооти нав дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръат бунёд гардида, барои таъмини маҳсулоти ғизоӣ ва кам кардани талафоти маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои фарох фароҳам меорад.
Иншооти нав дорои иқтидори нигоҳдории 400 тонна маҳсулоти гӯштӣ ва 600 тонна меваю сабзавот буда, бо таҷҳизоти муосири нигоҳдории дарозмуддат муҷаҳҳаз шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Хабарнигори “Ал-Ҷазира”: иқтисоди Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст
Намояндаи Ҳиндустон: Забони англисӣ забони сеюми СҲШ шуд
Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд