4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:50, Душанбе
24.10.2025 15:10

Хатлон: Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли макарон, қубурҳои пластикӣ ва дӯзандагӣ

Дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода доданд.

Технологияи воридшуда имкон медиҳад, ки дар ин корхонаҳо маводи ғизоӣ, намудҳои гуногуни либос ва қубурҳои пластикӣ истеҳсол карда шавад. Дар ин мавзеи нави саноатӣ зиёда аз 100 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва сокинони маҳаллӣ баъди омӯзишу такмили маҳорати касбӣ ба кор таъмин шудаанд.

Иқтидори технологии коргоҳи истеҳсоли макарон имкон медиҳад, ки мувофиқ ба дархости мизоҷон то 14 номгӯи маҳсулот тавлид ва ба бозор пешниҳод карда шавад. Дар ин иншооти нави санотӣ 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд ва ҳадаф истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аст.

Ҳамарӯза сифати маҳсулот санҷида мешавад, то пайваста ба мизоҷон маводи ғизоии дорои сифати баланд пешниҳод шавад.

Дар коргоҳи қубурҳои пластикӣ истеҳсоли маҳсулот мувофиқ ба талаботи бозор ба роҳ монда шудааст. Иншооти нави саноатӣ дар як шабонарӯз барои истеҳсоли то 3 ҳазор метр қубурҳои пластикӣ иқтидор дорад. Дар маҷмуъ қубурҳои пластикӣ бо 4 андоза тавлид мешавад.

Бонувон дар корхонаи дўзандагӣ баъди омӯзиш ва такмили ихтисос ба фаъолият оғоз намудаанд. Технологияи муосире, ки насб карда шудааст, имкон медиҳад, ки бонувон мувофиқ ба дархости мизоҷон намудҳои гуногуни либосҳои низомӣ, корӣ ва варзиширо омода намоянд.

Дар маҷмуъ дар коргоҳи дўзандагӣ 85  зану духтари деҳа ба шуғли доимӣ таъмин шудаанд.

Дар иншооте, ки 24 октябр дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, зиёда аз 230 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо