Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
23.10.2025 09:15
Данғара: Ифтитоҳи “ҶДММ корхонаи хишт”
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, имрӯз 23 октябри соли 2025 ташриф оварда, нахуст корхонаи хишти Данғараро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти саноатӣ аз ҷониби Ширкати ватании Тоҷвар сохта шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 120 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил намуда, дар он 60 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Хишти ин корхона бо таҷҳизоту технологияи муосири даврзананда истеҳсолу пухта мешавад.
Истифодаи 3 намуди ашёми хом - хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангишт дар корхонаи нави саноатӣ имкон медиҳад маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.
Ҳудуди умумии корхонаи хишт 12 гектарро ташкил медиҳад ва тавре мутахассисон иброз доштанд, маҳсулоти хоми табиии мавзеъ, метавонад барои пешбурди фаъолияти муназзами корхона солҳои зиёд хизмат расонад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд.
Айни ҳол дар кишвар 160 корхонаи хишти пухта мавҷуд аст ва ба кор оғоз намудани Корхонаи хишти ноҳияи Данғара дар оянда таъминкунандаи асосии маҳсулоти сохтмонӣ ва рушди тадбирҳои созандагӣ дар ин ва дигар ноҳияҳои наздик мегардад.
Корхонаи саноатӣ дар давоми як сол сохта шуда, дар он 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
29.09.2026 17:39
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 17:19
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Ҳукумати Британияи Кабир аз имрӯз, сешанбе, 29-уми сентябр, таҳримҳои нави худ алайҳи Эронро, ки қаблан эълом карда буд, ба иҷро гузошт.
29.09.2026 17:04
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Вазорати дифои Русия мегӯяд, неруҳои ин кишвар ду шаҳраки дигар - Веселое Поле дар вилояти Донетск ва Крейдянка дар вилояти Харковро таҳти назорат гирифтаанд.
29.09.2026 16:48
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 11:03
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Шамила Чудрӣ ва Калин Ҷексон, раисони муштараки “Комиссияи баррасии ҷанги Афғонистон”, бо Осим Мунир, раиси Ситоди артиши Покистон, дидор кардааст.
29.09.2026 10:48
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 09:10
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
28-уми сентябр дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Фаластин бозии дӯстона анҷом дод.
29.09.2026 07:07
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 17:21
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия, рӯзи душанбе гуфт, Украина барои ҳамлаҳои ахираш ба зерсохторҳои энергетикӣ ва иншооти саноатии Русия “посух хоҳад дод”.



