Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Тоҷикистон мехоҳад то соли 2037 ба кишвари “сабз” табдил ёбад
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистон мақсад дорад то соли 2037 ба як кишвари комилан “сабз” табдил ёбад.
Дар ин хусус, Ҷумъа Далер Шофақир, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи гирди Агентии байналмилалӣ оид ба сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, ки дар доираи чорабинии Kazakhstan Energy Week — 2025 доир шуд, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи стратегияи дарозмуддати рушди кишвар Тоҷикистон ҳадаф дорад, то соли 2037 пурра ба истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия гузарад. Дар айни ҳол, тақрибан 98 фоизи неруи барқ дар кишвар дар неругоҳи барқи обӣ истеҳсол мешавад.
“Ба шарофати ин, Тоҷикистон ба қатори кишварҳое дохил мешавад, ки сатҳи партови гази карбон дар онҳо аз ҳама зиёд аст. Ҳадафи умедбахши Тоҷикистон расидан ба мақоми кишвари пурра “сабз” то соли 2037 аст”- зикр кард Далер Ҷумъа.
Қаблан гузориш шуда буд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир дар марҳилаи гузариш ба “энергетикаи сабз” ба комёбиҳои муайяне ноил шудаанд, аммо бахши энергетикаи минтақа то ҳол асосан “сурх” боқӣ мондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид