1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 04:23, Душанбе
04.10.2025 16:35

Бонки рушди Авруосиё барои Душанбе платформаи рақамии харитаи электронӣ таъсис медиҳад

Бонки рушди Авруосиё ва Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” («Smart City») –и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ кардани як лоиҳаи муштаракро барои таҳияи платформаи рақамии харитаи электронии шаҳр оғоз намуданд.

Ин лоиҳа бо дастгирии Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки рушди Авруосиё роҳандозӣ гардида, мақсади он ташкили муҳити ягонаи рақамӣ барои идоракунии инфрасохтори шаҳр аст. Платформа ба мақомот имконият медиҳад, ки иттилооти наву муназзамро дар хусуси равандҳои асосии шаҳр дарёфт кунанд. Аз ҷумла, сухан дар бораи ҷамъоварии омор, идоракунии амволи коммуналӣ, фаъолияти хадамоти коммуналӣ, ҳисоботҳои андоз ва дигар ҷузъҳои низомии шаҳр меравад.

Тавре Бонки рушди Авруосиё хабар дод, ҷорӣ намудани ин платформаи рақамӣ қадами муҳим дар самти табдили рақамии Душанбе хоҳад буд. Ин иқдом бояд самаранокии қабули қарорҳои идоракуниро боло барад, шаффофияти равандҳои шаҳриро таъмин кунад ва сифати зиндагии сокинонро бо роҳи ба нақшагирӣ ва маниторинги дақиқ беҳтар кунад.

Дар доираи ин ташаббус, таҷрибаи муваффақи истифодаи технологияҳои харитасозии рақамӣ ва автоматизатсияи равандҳои идоракунӣ, ки дар кишварҳои дигар саҳмдорони БРА ҷамъ шудаанд, дар Тоҷикистон низ татбиқ хоҳад шуд. Ба андешаи таҳиягарон, чунин равиш раванди табдили рақамиро дар кишвар суръат мебахшад ва дар оянда имкони ташкили робитаҳои рақамии фаромарзиро фароҳам меорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.