19 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 01:31, Душанбе
22.09.2025 17:15

“Як камарбанд, як роҳ” ва мусоидати он дар пешбурди ҳамкориҳои энергетикӣ

Технология ва таҷрибаи Чин дар бунёди иншоотҳои энергетикӣ боби нави рушди ҳамкориҳои энергетикиро қад-қади долони ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” тавсиф медиҳад. Дар ин бора роҳбарони корпоратсияҳои энергетикии Чин дар Форуми ҳамкории “Як камарбанд, як роҳ”, ки айни ҳол дар шаҳри Кунмини музофоти Юннан ҷараён дорад, хабар доданд.

Директори генералии ширкати “Чайна Энерджи Инжиниринг Групп” (Energy China) Жен Ни қайд кард, ки таҷрибаи ширкатҳои чинӣ дар якҷоягӣ бо аҳдофи ба нақша нигаронидашуда барои ба сатҳи нави рушд баровардани сохтмони муштараки “Камарбанд ва роҳ” имкон медиҳад. Дар ин самт ширкатҳои чинӣ фаъолона сармоягузорӣ ва бо ширкатҳои минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҳамкорӣ мекунанд. Масалан, “Чайна Энерджи Инжиниринг Групп”, ки аз шаш пажӯҳишгоҳи минтақавӣ ва 15 пажӯҳишгоҳҳои лоиҳавию дизайнерии сатҳи музофотӣ иборат аст, бо зиёда аз 10 кишвар, аз ҷумла Лаос, Муғулистон, Русия ва Ветнам ҳамкориро дар самти банақшагирии рушди соҳаи энергетика мустаҳкамтар мекунад. Тайи панҷ соли охир ширкати “Чайна Энерджи Инжиниринг Групп” шартномаҳоро ба маблағи беш аз 600 миллиард юан ба имзо расонида, барои сохтмони як қатор лоиҳаҳои стандартӣ ва баландсифат дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Сингапур ва кишварҳои Африқо сармоягузорӣ кардааст. Дар Қазоқистон ва Миср лоиҳаи рушди таъмини оби сабз  амалӣ гардонида шуда, дар Ӯзбекистон иншоотҳо барои захиракунии нерӯи офтобӣ сохта шуданд.

Тавре Жэн Ни мегӯяд: “Energy China дар оянда омода аст саъю кӯшиши худро ба чунин соҳаҳо, аз қабили коркарди муҳаррикҳои калон ва генераторҳои дарунсӯз, хидматрасонии муҳандисӣ барои сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, рушди манбаъҳои нави энергия ва системаҳои захиракунии энергияи гидрогенӣ, шабакаҳои барқии баландшиддат, лоиҳаҳо оид ба тозакунии оби баҳр ва мубориза бо обҳои ифлос, рушди сохтмони сабз равона кунад. Мо аллакай имрӯз нақшаҳо ва лоиҳаҳои мушаххасро амалӣ карда истодаем, инчунин, якҷоя бо ширкатҳои шарик ва пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ сармоягузориро ба рушди навовариҳо ва коркарди технологияҳои инноватсионӣ зиёд мекунем. Махсусан, дар самти коркарди газ бо иқтидори 300 мегаватт ва бузургтарин лоиҳаи озмоишӣ оид ба истеҳсоли анионҳои сабзи гидрогенӣ корбарӣ карда истодаем. Мо омода ҳастем, ки аввалин лоиҳаи коркарди нерӯи шамолиро дар ҷаҳон тавассути хатҳои интиқоли баландшиддат амалӣ гардонем. Ин бояд як пешрафти технологӣ дар бахши интиқоли устувори нерӯи барқ гардад. Барои бомуваффақият амалӣ гардонидани ин лоиҳа мо ба иштироки кишварҳои ҳамсоя низ манфиатдорем”.

Узви Шурои раёсати Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (CNNC) Жянпин Лиу дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергияи ҳастаӣ суханронӣ карда, қайд намуд: “Мо умедворем, ки вақте мардум дар бораи ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” ҳарф мезананд, на танҳо шутурҳо ва бодбонҳо дар баҳрҳоро пеши назар меоранд, балки дар бораи энергияи тозаи нерӯгоҳҳои атомӣ низ фикр мекунанд”.

Чин имрӯз ният дорад, ки тавассути иқтидори технологии худ эътимод ба даст орад. Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (CNNC) саъй дорад, ки энергетикаи ҳастаиро пеш барад, ба ҷонибдории тезонидани рушди истеҳсолоти нави баландсифат баромад карда, ба табдилдиҳии глобалии энергетика мусоидат мекунад. Ин ширкат ҳамчун як корпоратсияи пешсафи Чин дорои тамоми занҷирҳои таҳвилоти саноати атомӣ мебошад ва иқтидори инноватсионии он дар илму технологияҳои ҳастаӣ имрӯз яке аз беҳтаринҳо дар тамоми ҷаҳон маҳсуб меёбад.

“Мо гузариш ба консепсияи “Истеҳсоли Чин”-ро пешбарӣ мекунем. Дар тӯли таҷрибаи беш аз 40-солаи сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳҳои атомӣ мо донишҳои беназир андӯхтем.

Имрӯз аввалин блоки энергетикии шакли нав дар ҷаҳон сохта шуда истодааст ва ҳамаи лоиҳаҳое, ки дар Чин ва берун аз он ҷорӣ карда шудаанд, бомуваффақият амал мекунанд. Ин технологияи боэътимод, идорашаванда ва камхарҷ мебошад.

Ба ғайр аз энергияи атомӣ мо саъй дорем  технологияҳои насли чоруми ядроиро татбиқ кунем, алалхусус: коркард ва ҷойгиркунии блокҳои хурди энергетикӣ, системаҳои “офтоби сунъӣ” ва дигар технологияҳои ҳастаии идорашаванда.  Айни ҳол бо 26 блоки энергетикӣ кор мекунем ва боз 19 энергоблоки дигар дар ҳоли сохтмон аст, илова бар ин бозори гидроэнергетика, энергияи шамолӣ ва дигар самтҳоро азхуд карда истодаем. Иқтидори умумии нерӯгоҳҳои амалкунанда ва сохташаванда беш аз 120 миллион киловаттро ташкил дода, системаи ҳамаҷониба ва пурракунандаи ҳамдигарро ташаккул медиҳад.

Энергетикаи ҳастаӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад, бо вуҷуди ин мо ба энергияи шамолӣ ва офтобӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. Мо принсипи муттаҳидшавӣ ва сохтмони муштаракро риоя карда, 14 блоки энергетикии ҳастаӣ, реакторҳои тадқиқотӣ ва таҷҳизотро содир мекунем. Мо принсипи гузариш аз лоиҳаҳои алоҳида ба ҳалли системавӣ ва тақсими фоида бо шарикони худро пеш мебарем.

Занҷир аз сохтмон ва истифодабарӣ иборат аст. Мо на танҳо лоиҳаҳоро дар соҳаи энергетикаи ҳастаӣ амалӣ мегардонем, балки роҳҳои ҳалли ҳамаҷонибаро пешниҳод менамоем, аз ҷумла: омӯзонидани мутахассисон, идоракунӣ ва истифодабарӣ, хизматрасонии техникӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода. Ин гузариш аз пешрафти технологӣ ба муҳити кушод аст.

Хукумати Хитой 12 маркази тадқикотии ҳастаиро ифтитоҳ намуд. Мо бо тамоми шарикони худ табодули захираҳову технологияҳо мекунем, синтез менамоем ва дар саросари ҷаҳон якҷоя навовариҳоро пеш мебарем.

Мо боварӣ дорем, ки энергияи ҳастаӣ ба одамон фоида меорад. Инчунин, дар бахши энергетика хадамоти энергетикии ба аҳолӣ нигаронидашударо таъсис медиҳем ва боварӣ дорем, ки аҳамияти ҳамкории байналмилалии энергетикӣ на танҳо дар мубодилаи технологияҳо, балки дар ҳамдигарфаҳмии халқҳо низ зоҳир меёбад. Рушди устувори ҳақиқӣ бояд натиҷаҳои ҳамкориҳои технологиро ба болоравии некуаҳволии мардум табдил диҳад. Мо технологияи ҳастаиро воқеан барои ҳаёти одамон фоиданок кардем.

Мехостам суханони муҳандисамонро, ки дар лоиҳаи “Карочӣ” дар Покистон кор мекард, ба хотир орам. Ӯ мегуфт, ки нерӯгоҳи атомӣ на танҳо нерӯи барқ истеҳсол мекунад, балки ба мо умед низ мебахшад. Дар Покистон нерӯгоҳҳои барқии атомии мо мушкилоти энергетикиро ба таври назаррас осон карда, асоси тараққиёти ин кишвар гардиданд. Лоиҳаҳои амалишудаи мо оид ба рушди шабакаҳои барқӣ таъминоти асосии энергияро дар тамоми Тимори Шарқӣ кафолат доданд. Мо тибби ҳастаиро дар Индонезия, Ӯзбекистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон пешниҳод кардем ва ин ба боло рафтани сатҳи некӯаҳволии умумии мардум мусоидат кард.

Илова бар ин, мо кони урани Русия ва калонтарин кони урани навъи кушодаро дар Намибия ба даст овардем, ва ба тамоми ҷаҳон амсилаи устувори рушди саноати истихроҷи маъдани кӯҳиро намоиш додем. Президенти Намибия инро ҳамчун амсилаи сиёсии барпо намудани муносибатҳои байни Хитой ва Африқо тавсиф кард.

Мо лоиҳаҳои барои аҳолии маҳаллӣ фоидаоварро дар соҳаҳои экология, маориф, варзиш амалӣ гардонида, бо ин байни Чин ва Африқо робита барқарор мекунем. Ҳазорсолаҳо пеш корвонҳо аз Хитой гулбаргҳои чой ва матоъҳои абрешимӣ мебурданд ва ҳамин тариқ, роҳ мекушоданд. Пас аз ҳазорсолаҳо мо комёбиҳои илми ҳастаиро намоиш дода, манзараи нави энергетикаи ҳастаиро тасвир мекунем” - қайд мекунад Жянпин Лиу.

Фаридун Усмонов

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

18.11.2026 17:37

Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст

Бонки ҷаҳонӣ дар изҳороти нави худ ҳушдор дод, бо вуҷуди пешбинии рушди иқтисодии Афғонистон дар соли 2026, коҳиши даромади аҳолӣ, афзоши нахи маводи ғизоӣ ва камбуди об вазъияти зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст.
18.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул дар мулоқот бо раиси Палатаи тиҷорат ва сармоягузории ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон Сайид Карим Ҳошимӣ масъалаи таъсиси бозори муштрак дар минтақаи марзии ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд.
18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.