4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:47, Душанбе
12.09.2025 07:25

Душанбе нахустин бор мизбони Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ мегардад

Тавре ки АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, аз 16-ум то 18-уми сентябри соли ҷорӣ нахустин маротиба дар шаҳри Душанбе Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ доир мегардад.

Ба навиштаи манбаъ, форуми мазкурро Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мекунад.

Интизор меравад, ки дар форум роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, масъулини мақомоти маҳал, корпуси дипломатии муқими Душанбе, шарикони рушд,  ассотсиатсияҳои сайёҳии мамлакат, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода мекунандд, коршиносонии соҳа, марказҳои иттилоотию хизматрасонӣ, рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ва блогерон иштирок менамоянд.

Гуфта мешавад, ки дар кори форум масъалаҳои ҳамкории мутақобил ва табодули таҷрибаи назаррас байни давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мебошад ва доир кардани чунин форум ба мустаҳкам гардидани мавқеи мамлакат дар байни кишварҳои аъзо мусоидат менамояд.

Dialog.tj

 

 

Хатти хабарҳо