Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар панҷ сол ду баробар афзоиш ёфтааст
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди таъсири буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар панҷ соли ахир ду баробар афзоиш ёфта, ба 74,3 миллиард сомонӣ расидааст.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 34 – солагии Истиқлоли давлатӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода дар бораи дастовардҳои муҳимми иқтисодии солҳои ахир иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки дар даврони истиқлол Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ноил шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, новобаста аз таъсири буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар панҷ соли ахир 74,3 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт, ки ин нишондиҳандаи афзоиши 2,2 баробар буда ва дар соли 2024 ба 153,4 миллиард сомонӣ расид.
Дар ин муддат суръати миёнаи рушди иқтисоди миллӣ 7, 7% буд (ба истиснои соли 2020, соли пандемияи Ковид-19) ва ин нишондиҳанда 8,5%-ро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба панҷ соли қаблӣ (2015-2020) 0, 7% - 1, 5% бештар аст.
Завқӣ Завқизода таъкид кард, ки дар нимаи нахустини соли 2025 низ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ устувор монданд. Ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 70, 8 миллиард сомонӣ расид ва суръати воқеии рушди он 8, 1% -ро ташкид дод.
Ба гуфтаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода омилҳои афзоиши рушди иқтисод чунинанд:
-истеҳсоли молҳои саноатӣ 24%;
-сармоягузорӣ бар асоси фондҳо 14, 6%;
-хизматрасониҳои пулакӣ – 12, 8%4
-кишоварзӣ – 9, 7%;
-хизматрасонии нақлиётӣ – 9, 3%;
- савдо – 9%;
-нақлиёти мусофирбар – 5, 8%.
Дар идомаи суханронии худ Завқӣ Завқизода аз масъулин даъват намуд, ки суръати рушдро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷрои вазифаҳои мушаххас талошҳои бештар намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”