Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Татбиқи саривақтии тарҳи CASA 1000 миёни Тоҷикистону Покистон
Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафарии корӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон таъкид намуданд.
Муҳтарам Шаҳбоз Шариф дар навбати худ изҳор доштанд, ки “дӯстию бародарии мову шумо ва мардумони Покистону Тоҷикистон аз қалб бармехезад ва мо ба ин баланд арҷ мегузорем”.
Масоили таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар арсаи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, бахусус энергетика ва нақлиёт, фарҳанг, илму маориф, техника ва амнияту мудофиа муҳокима гардид. Рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ зарур дониста шуд. Дар роҳи баррасӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарии ду кишвар нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ муҳим дониста шуд. Дар ин замина, ҷонибҳо хостори бештар фаъол гардидани дигар василаҳои пешбурди ҳамкорӣ, аз ҷумла Гурӯҳи кории нафту газ, энергетика ва Шӯрои муштараки соҳибкорон шуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ барои ҳар ду ҷониб ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин самт таъсиси Шурои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар иқдоми муассир шумурда шуд.
Алоқамандии кишвари мо барои дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои чаҳонӣ иброз гардид.
Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва рушди бозори неруи барқ дар минтақа, аз ҷумла татбиқи саривақтии тарҳи CASA 1000 муҳим арзёбӣ гардид.
Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амният мавзуи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромилӣ муҳокима шуд.
Зимни суҳбат натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид