Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Азим Иброҳим бо сафири Чин масъалаи сохтани роҳи дуқабата дар Душанберо баррасӣ кард
Азим Иброҳим дар мулоқот бо сафири Чин масъалаи сохтмони роҳи дуқабата дар шаҳри Душанберо баррасӣ кард.
Мулоқоти Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Чжитсзябн рӯзи 22-уми август дар шаҳри Душанбе доир шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нақлиёт, боркашонии байналмилалӣ ва татбиқи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” –ро баррасӣ карданд.
Ду ҷониб ба сохтмони роҳи дуқабата дар чорроҳаи кӯчаҳои Абая – А. Қаҳҳоров, А. Ҷомӣ- А. Қаҳҳоров ва Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Лоиҳаи мазкур аз назари техникӣ ва иқтисодӣ асоснок карда шудааст ва ҳоло дар марҳилаи мувофиқа бо ҷониби чинӣ қарор дорад. Баъди анҷоми мувофиқа ва интихоби пудратчӣ корҳои сохтмонӣ оғоз хоҳад шуд.
Ҳамчунин, дар мулоқот масирҳои нақлиётии байналмилалӣ “Чин- Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо” ва “Чин-Тоҷикистон-Афғонистон, дастрасӣ ба бандарҳои Чобаҳор (Эрон) ва Карочӣ (Покистон) баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо аҳмияти ҳамоҳангсозии инфрасохтори нақлиётиро дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” таъкид намуданд, ки соли 2013 аз сӯи Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пешниҳод гардида буд.
Дар доираи лоиҳаи нави ҳамкорӣ сохтмони 93 километр роҳ, ду нақб бо дарозии умумии 5, 2 км, панҷ долони зиддиларзиш бо дарозии 602 метр, 15 пул бо дарозии умумии 633 метр, 21 850 метр деворҳои муҳофизатӣ ва 151 иншооти сунъӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, имкониятҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СҲШ, ЭСКАТО ва барномаи САREC ва ҷалби сармоя барои иҷрои “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030” баррасӣ гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад