Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Нусратулло Давлатзода қарздорони калонтарини корхонаҳои кишварро номбар кард
“Корхонаҳое, ки нисбатан бақияи қарзи андозӣ доранд, ин шабакаи тақсимоти барқ 144 млн сомонӣ, хизматрасони нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд 30 млн сомонӣ, “Талко” 30 млн сомонӣ, корхонаи Ҷунтай Данғара Син-Силу Текстил 22 млн сомонӣ, кони ангишти Зиде 19 млн сомонӣва дигар корхона ва субъектҳо мебошанд”, гуфт Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамбастии нимсолаи ниҳодаш
Мавсуф илова намуд, ки шумораи корхонаҳое, ки нисбатан қарзҳои калон доштанд, давра ба давра кам шуда истодааст. Мо дар ин самт корбарӣ карда истодаем, фикр мекунем, ки интизоми андозсупории андозсупорандагон давра ба давра хуб мешавад.
Тибқи омори расмии Кумита то ба ҳолати 1 июни соли 2025, бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 975,8 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 235,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Аз рӯи тартиби муқарраршуда рўёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирӣ аз зиёдшавии он, дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбати андозсупорандагони қарздор 9,1 ҳазор адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 670,5 млн сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2024 қабулшуда, дар маҷмуъ, ба буҷет 787,1 млн сомонӣ ворид карда шуд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст