Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳои иқтисодиро рушд медиҳанд
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон 18-уми август бо Го Жиҷун, Сафири навтаъини Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни ду кишвари баррасӣ шуданд.
Тибқи иттилоъ, дар ҷараёни мулоқот Завқӣ Завқизода таъкид кард, ки бо шарофати сиёсати роҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистон ва Чин пайваста рушд намуда, ба саҳти сифатан нав расидаанд.
Бар асоси омор дар шаш моҳи нахусти соли 2025 гардиши савдои дуҷониба нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 миллиард доллар баробар шудааст.
Ҳамчунин, бо ҳадафи татбиқ намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби бештари сармояи Чин ҷониби Тоҷикистон масъалаи оғози амалӣ кардани 13 лоиҳаи афзалиятнокро пайгирӣ кардааст.
Ҷонибҳо дар фарҷоми мулоқот изҳори омодагӣ намуданд, ки барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои муштарак ҳамкориҳоро идома диҳанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард