29 Сентябр 2026,
сешанбе, 06:36, Душанбе
16.08.2025 13:32

“Худам шоҳу табъам вазир”. Чаро мушкили таксиҳо дар пойтахт зиёд шуд?

Моҳи июни соли равон шаҳрдории Душанбе аз 12 ширкате, ки ба мусофиркашонӣ машғул буданд, танҳо ба 4 ширкат “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” иҷоза дод, ки дар пойтахт фаъолият кунанд.

Мувофиқи қарори мазкур, ҳар ширкат ҳуқуқ дорад, ки 3 ҳазор таксӣ дошта бошад ва дар ҷамъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 12 ҳазор кирокаш фаъолият мекунад.

Ҳамчунин, дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе машғуланд, дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли равон муҳлат доранд.

МУШКИЛЕ, КИ РӮЗ АЗ РӮЗ ЗИЁД МЕШАВАД, ВАЛЕ...

Ҳарчанд дар шаҳри Душанбе шумораи таксиҳо афзуд, аммо ҳамон қадар шикояти мардум аз фаъолияти онҳо зиёд гардид. Мутаассифона, ҳоло дар кӯчаҳои пойтахт бархеҳое ҳамчун кирокаш кор мекунанд, ки на одоби касбиро риоя мекунанду на вазифаи инсониашонро. Онҳо  дар назди мусофир ист мекунанд ва куҷо рафтанашро мепурсанд, агар самти мерафтаи мусофир ба онҳо писанд наояд ё дигар тараф рафтанӣ бошанд, бе ягон дудилагӣ ва шарму ҳаё "он тараф намеравам мегӯянд". Яъне мусофир бояд ба самте биравад, ки махсус таксист он ҷо рафтанӣ аст ё ба ӯ ҳамон кӯчаву маҳалла писанд бошад? Бархе кирокашҳои мо тавре фаъолият мекунанд, ки агар ба онҳо самти дигарро бигӯӣ, рад мекунанд. Яъне "худам шоҳу табъам вазир".

Дар ин росто, бояд бигӯем, ки намояндагони дигар касбҳо, аз ҷумла табиб, муаллим, журналист ҳам медонанд, ки дар баъзе ҳолатҳо бо бархе одамон кор кардан душвор аст. Як бемор нозук аст, як шогирд эрка аст, як мусоҳиб азодор ё мушкилдор аст, вале табибу муаллиму журналист аз корашон даст намекашанд, балки бо онҳо кор мекунанд ва яке табобат мекунад, дигаре таълим медиҳад ва савумӣ дарди дили ӯро менависад. Агар намояндагони ин касбҳо низ монанди бархе таксистҳо на рисолати касбӣ гӯянду на хизмат ба ҷомеа пас аз аҳволи мардум чӣ мешавад?

Ҳамчунин, шоҳид мешавем, ки баъзе таксистҳо хизматрасонӣ ба мусофиронро бо сабаби наздик будани масофа рад мекунанд. Яъне фикр доранд, ки "то ҷое, ки мусофир меравад 10 сомонӣ мешавад ва он кироӣ рафтан намекунад".

Ҳамин ҷо ҳам тассавур кунем, ки барои пули кам кор кардан духтур аз гузаронидани як сӯзандору даст бикашад ва бигӯед, ки "як сӯзандору гузаронидан се сомонӣ аст ва кироӣ кор карданро надорад!", аҳволамон чӣ мешавад? Оё ченаки кор танҳо пул аст?

Махсус бояд қайд кард, ки фаъолияти таксистҳо дар бозори "Корвон" бисёр ташвишовар аст. Якеро барои селлофанҳои зиёдаш, дигареро барои роҳи кӯтоҳи мерафтааш ва сеюмиро барои самти мерафтааш рад мекунанд. Рӯйи рост мегӯянд, ки "он тараф намеравам".

Ҳамчунин, дар бозори "Корвон" қисми зиёди мошинҳое, ки ба ин ё он ширкат дахл доранд, ҳамчун таксии 10-сомона кор мекунанд. "Садбарг" ё "Қарияи боло" мераванд. Онҳо аз номи ширкатҳо истифода мебаранд, аммо кор намекунанд. Мардум дар гармӣ бо селлофану ҷузвдонҳои гарон дақиқаҳои зиёд дар интизори таксисти ҳақиқӣ меистанд.

Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳама таксистҳоро дар назар надорам, зеро дар миён ҳастанд онҳое, ки воқеан ҳам вазифаашонро софдилона иҷро мекунанд, вале шумораи кирокашҳои "худам шоҳу табъам вазир" ҳам кам нест. Нуктаи асосӣ ин аст, ки дар ҳама ҳолат мо маҷбур ҳастем, ки вазифаи касбиву инсониамонро иҷро кунем. Танҳо пулро ҳар мадди аввал мондан моро хеле ақиб мебарад.

ХУЛОСА Ё РОҲИ ҲАЛ

Бояд ин мушкилро ширкатҳои таксӣ бо ронандаҳояшон ҳал кунанд. Бигзор ронандаҳои саркаш ҷозо гиранд ва дар ҳолати такрор аз сафи ронандаҳо хориҷ карда шаванд, зеро чунинҳо ҳам номи ширкатҳоро сиёҳ мекунанд ва ҳам фикри мардумро нисбат ба ҳамаи кирокашҳо тағйир медиҳанд.

Инчунин, мақомоти интизомӣ ҳам агар корбарӣ кунанду чандеро барои саркашӣ аз рисолати касбӣ ҷазо диҳанд, шояд барои дигарон ибрат шавад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
28.09.2026 07:30

Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 90 иншоотро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
28.09.2026 06:29

Дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои модар ифтитоҳ шуд

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.